Трамп хостори мулоқот бо Путин шудааст

© AP / Pablo Martinez MonsivaisПрезидент Дональд Трамп (слева) и президент России Владимир Путин
Президент Дональд Трамп (слева) и президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурияти ҳукумати Амрико якчанд роҳи интихоби макон ва санаи мулоқот миёни президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трампро баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп хостааст бо раҳбари Русия Владимир Путин мулоқот кунад, хабар додааст шабакаи телевизионии амрикоии NBC.

Трамп аллакай қарори худро ба ёрдамчиёнаш расонидааст.

Санаи дақиқи мулоқот ҳанӯз муайян карда нашудааст. Ҳамзамон, маълум аст, ки Трамп ният дорад, пеш аз интихоботи президентии моҳи ноябрии ИМА бо Путин гуфтугӯ кунад.

Тибқи иттилои NBC, маъмурияти ИМА якчанд интихобҳоро барои макон ва санаи мулоқоти Трамп-Путин, аз ҷумла моҳи сентябр дар Ню-Йорк баррасӣ мекунанд.

Доналд Трамп бо ниқоб - Sputnik Тоҷикистон
Трамп пешниҳод намуд, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико ба таъхир гузошта шавад

Кохи Сафед истисно намекунад, ки зимни нишасти Русияву Амрико пешрафт дар бораи тавофуқи ҳастаӣ эълом хоҳад шуд.

Ғайр аз он, маъмурияти Трамп бар ин бовар аст, ки раҳбарони кишварҳо метавонанд дар бораи музокироти минбаъда оид ба коҳиш ва маҳдудияти силоҳи ҳамлаи стратегӣ созишнома ба имзо расонанд.

Ғайр аз он, маъмурияти Трамп бар ин бовар аст, ки раҳбарони кишварҳо метавонанд дар бораи музокироти минбаъда оид ба коҳиш ва маҳдудияти силоҳи ҳамлаи стратегӣ созишнома ба имзо расонанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин мулоқоти Путин ва Трамп моҳи июли соли 2017 дар чаҳорчӯби саммити G20 дар Ҳамбург баргузор шуд.

Роҳбарон инчунин дар саммити Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором дар Дананги Ветнам  моҳи ноябри соли 2017 дидор карда буданд.

Музокироти мукаммал байни президентҳои Русия ва ИМА 16 июли соли 2018 дар Хелсинки баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0