ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Имрӯз, 16 август дар шаҳри Мински Белорус ба тарафдории Александр Лукашенко гирдиҳамоӣ баргузор шуд.
Раҳбари давлат дар назди омадагон сухан гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки агар дар кишвар дубора интихобот баргузор шавад, Белорус чун давлат нобуд мешавад.
"Маро нобуд мекунед - ин оғози нестшавиатон мегардад. Низомиёнро натарсонед. Шумо бо оташ бозӣ мекунед. Мо ба бераҳмӣ ниёз надоштем, агар онро бознамедоштем, шумо ин ҷо намебудед. Мо набояд барои Урупо партовгоҳ шавем. Кишварро таслим нахоҳем кард. Белорусиҳо бо саратон фикр кунед, набошад ин корро ба ҷои шумо дигарҳо анҷом медиҳанд", - гуфт президент.
Ӯ афзуд, ки "дар хориҷа наметавонанд ба мувофиқа бирасанд, ки кӣ моро раҳбарӣ мекунад".
"Мо ун ҳокимиятҳоро дар хотир дорем. Онҳо як ҷаҳон буданд. Дар Амрико чунинҳо нишастаанд. Ба мо ҳукумати он сӯи баҳр лозим нест", - хулоса кард Лукашенко.
Раҳмон ба Лукашенко: пирӯзӣ, гувоҳи эътирофи саҳми бузургатон дар соҳибихтиёрии давлат аст
Рӯзи шашум дар Белорус тазоҳурот идома дорад. Аз интихоб шудани Лукашенко ба маснади президентӣ на ҳамаи шаҳрвандон шоданд.
Интихоботи президентӣ дар Белорус 9 август доир шуд. Бино ба гузориши КМИ дар ин раъйдиҳӣ 5,8 миллион нафар ширкат кард.
Бар асоси эълони натоиҷи интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани 80,23% овозҳо пирӯз шуд.