Интихоботи президентӣ дар Белорус 9 август доир шуд. Бино ба гузориши КМИ дар ин раъйдиҳӣ 5,8 миллион нафар ширкат кард.
Раҳмон ба Лукашенко: пирӯзӣ, гувоҳи эътирофи саҳми бузургатон дар соҳибихтиёрии давлат аст
Бар асоси эълони натоиҷи интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани 80,23% овозҳо пирӯз шуд.
Натоиҷи интихобот дар ин кишвар на писанди ҳама шуд. Ҳамин тавр, се рӯз мешавад, ки дар шаҳри Мински Белорус эътирозҳо доман паҳн мекунад.
Тазоҳурот зуд- зуд ба макони задухӯрди эътирозгарон ва мақомоти пулис табдил меёбад.
Тибқи иттилои расмӣ, давоми се рӯз дар паи гирдиҳамоиҳо беш аз 6 ҳазор кас боздошт шудааст.
Танҳо дар давоми рӯзи гузашта 51 тазоҳургар ва 14 корманди пулис ҷароҳатдор шудааст.
Кумитаи тафтишотии кишвар дар ин росто 17 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.










