“Душанбе Хуррамшаҳр” сабукӣ гирифт, то меҳмонхонаи 5-ситорадор созад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр города Душанбе рассматривают проект строительства гостиницы
Президент Таджикистана  Эмомали Рахмон и мэр города Душанбе рассматривают проект строительства гостиницы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон бархе ширкатҳоеро, ки дар Душанбе ба бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор машғуланд аз пардохти молиёт озод кард

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи қарори ҷадиди Ҳукумат, ширкати “Душанбе Хуррамшаҳр”, ки дар пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадор месозад, масолеҳу таҷҳизот барои меҳмонхонаро бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ ворид мекунад.

Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко ба назди мардум баромад - президент чӣ гуфт?

Ҳукумат феҳрасти молу таҷҳизот барои меҳмонхонаро, ки бояд бидуни пардохти молиёт вориди кишвар шаванд, тасдиқ намуд.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов, ки бояд дар Душанбе бинои баландошёнаи бисёрфунксионалӣ созад сабукӣ дода буд. Бинои бисёрфунксионалӣ меҳмонхонаи 20-ошёнаи 5-ситорадорро низ дар бар мегирад

Ҳукумат феҳрасти таҷҳизоту маводеро, ки ширкати “Элит-Строй-Сервис” барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе ворид мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намуд.

Хадамоти гумрук муваззаф шудааст, ки барасмиятдарорӣ ва истифодаи мақсадноки молу таҷҳизоти воридшавандаро назорат кунад.

Лентаи хабарҳо
0