ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ахиран дар Тоҷикистон аз ҷори намудани маҳдудияти шадиди нерӯи барқ дар кишвар эълон карданд. Ин дар ҳолест, ки барои аввалин бор дар се соли ахир Тоҷикистон дар бораи камбуди нерӯи барқ таъкид мекунад.
Ҳукумат ахиран дар изҳороти расмӣ сабаби инро дар кам шудани захираи об дар рудхонаҳои кишвар медонад.
Ҳукумат рӯзи 28-уми июли соли равон дар изҳороти расмӣ аз кам шудани об дар рӯдхонаҳои Вахшу Панҷ ҳам хабар дод ва гуфт, "чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад".
"Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Агар чунин вазъ идома ёбад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд", - гуфта шудааст дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон ба мардум.
Ба ҳамин хотир мақомоти Тоҷикистон на танҳо аз ҷори намудани маҳдудияти шадиди барқ эълон кард, балки содироти он ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ӯзбекистон ва Афғонистонро қатъ кард. Бояд қайд кард, ки аз соли 2017 бад ин сӯ маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ шуда набуд.
Буҳрони энержӣ дар Тоҷикистон, тавъам ба тағйири иқлим дар тамоми минтақаи Осиёи миёна аст. То чӣ андоза ин мушкилот барои кишварҳои минтақа ҷиддӣ мебошад ва чигуна аз он метавон пешгирӣ кард Sputnik Тоҷикистон аз олимони хориҷӣ пурсон шуд.
Барқи бемаҳдуд
Агар Тоҷикистонро бигирем мушкилоти барқ дар ин кишвар аз рӯзи эъломи истиқлолият ба миён омадааст.
Баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 -1997 аксари иншоотҳои энергетикии кишвар хароб шуданд ва ҷумҳурӣ баъд аз ин ҷанги бародаркушӣ ҳатто маблағе надошт онҳоро бозсозӣ кунад.
Аммо бояд гуфт, ки дар солҳои 2000-ум аксари хатҳои барқ ва агрегатҳои асосии нерӯгоҳҳои барқӣ обии кишвар бозсозӣ шуданд. Маҳдудиятҳои мавсимии барқ дар Тоҷикистон одат шуда буд. Дар фасли зимистон камбуди барқ бештар мушоҳида мешуд. Мардум ба ҷои фурузонаку плитаҳои электрикӣ аз чароғаку ҳезум истифода мекарданд.
Таъмини бечунучарои барқ яке аз омилҳои калидии сиёсати дохилии ҳукумати Тоҷикистон буд. Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон эълон кард, ки маҳдудияти барқ аз байн бурда шуд. Мардум имкони бе маҳдудият масрафи барқро ба даст оварданд.
Барои ин барномаи умдаи энержеии Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи Роғун буд, ки ҳукумати ин кишварро ба бидеҳкорӣ рӯ ба рӯ кард. Ба кор даровардани НБО Роғун ду сол қабл на танҳо метавонист ин буҳронро аз байн бубарад, балки ба Тоҷикистон имкон медод барқро ба кишварҳои ҳамсоя содирот кунад ва қарзҳои гирифтаашро пардохт намояд.
Мутаасифона тамоми барномаҳои энержии Тоҷикистон дар робита ба тағйири иқлим зери хатар қарор дорад.
Миёни хушксолӣ ва обхезӣ
“Пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли коҳишёбӣ қарор дорад. Оби рудхонаҳо кам мешаванд. Камбуди об дар рудхонаҳо ба истеҳсоли нерӯи барқ таъсири манфӣ мерасонад”, - гуфт Сергей Семёнов, раиси пажуҳишгоҳи иқлими саросарӣ ва муҳит зистии Русия.
Ин мушкилот якбора пайдо нашудааст. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар 30 соли ахир аз 14 ҳазор пиряхҳое, ки барои зиндагии мардуми минтақа муҳим буданд, ҳазор пирях аз байн рафтааст. Суръати обшавии пиряхҳо дар сол аз 0,2 то 1 дарсадро ташкил дода ва обшавии пиряхҳо рӯз аз рӯз меафзояд.
Ҳамин тавр Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли баҳор бо селу обхезӣ ва дар фасли тобистон ба камбуди об дучор мешавад.
Ин ҳолат ояндаи хуб надорад. Тибқи иттилои Комиссиюни оид ба об ва масрафи он дар Осиёи миёна, таъминоти об дар минтақа то соли 2040 25 дарсад коҳиш меёбад, ки ин баробар ба 1,5 кубометр об барои як нафар дар сол аст. Агар Тоҷикистон аз камбуди барқ шикоят дошта бошад ҳамсогони он аз камбуди об шикоят доранд.
Як хабари хуш инаст, ки ин раванд дар гардиш аст ва ба гуфтаи олимони тоҷик обшавии пиряхҳо на ҳама вақт яксон аст.
“Дар ҳоли ҳозир, дар тамоми қаламрави кишвар обшавии пиряхҳо якнавохт нест. Барои мисол, дар минтақаи Помири шарқӣ обшавии пиряхҳо мисли қаблӣ бетағйир аст ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо пиряхҳои ҷадид пайдо шудааст. Аммо дар минтақаи Кофарниҳон ва Вахш тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳо мушоҳида мешавад”, - таъкид доштааст раиси маркази таҳқиқоти пиряхҳо Абдулҳамид Қаюмов.
Офтоби дастнораси Тоҷикистон
Бояд қайд кард, ки буҳрони камбуди обро кишварҳои Осиёи миёна ба танҳои ҳал карда наметавонанд. Барои ҳалли ин мушкил нерӯи тамоми кишварҳои санъатӣ ва кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон лозим аст.
Тоҷикистон ва ҳамсоягони он имкон доранд мушкилоти камбуди барқро ҳал кунанд.
Роҳи аввали ҳалли ин мушкилот истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энержӣ, аз ҷумла истифодаи нерӯи офтоб аст.
Ин роҳро Ӯзбекистон пеш гирифтааст ва дар сатҳи давлатӣ иҷрои ин барномаҳоро рӯи даст гирифтааст.
Мақомоти ин кишвар ба шахсони воқеъӣ, ки аз ин фановарӣ истифода мекунанд ҷубронпулӣ пешбинӣ кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки агар шаҳрванд куллан аз нерӯи офтоб истифода кунад, вай аз пардохти молиёт ва таҷҳизоти харидааш ва молиёти замин барои се сол озод карда мешавад.
Ба гуфтаи академик Сергей Алексеенко, корманди пажуҳишгоҳи теплофизикии Академияи улуми Русия, истифодаи нерӯи офтоб метавонад мушкилоти бебарқии деҳаҳои дурдасти Тоҷикистонро ҳал кунад.
“Муҳлати худкифоии ин таҷҳизот дар ҷануби Аврупо то як солро ташкил медиҳад. Ин беназир аст, чунки одатан ин муҳлат дар дигар минтақаҳо то 10 солро дар бар мегирад. Тоҷикистон ҷойҳои зиёде дорад, ки нерӯи офтоб метавонаяд ягона сарчашмаи энержӣ бошад ва истифодаи ин фановарӣ барои Тоҷикистон зарур аст”, - таъкид кард академик.
Аммо мутаасифона дар Тоҷикистон истифодаи ин фановарӣ чандон паҳн наёфтааст ва давлат ҳам дар ин бора ба далели камбуди маблағ иқдоми ҷиддӣ анҷом намедиҳад.
Чун ҳамсоя ба тавофуқ мерасем
Ҳолати аҷибе ба миён омадааст, кишваре, ки аз зихираҳои мухталифи энержи бархурдор аст, дар ҳолати ками тағйири иқлим наметавонад ниёзи мардум бо барқро таъмин созад.
Аммо вазъи мушкил дар Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон аст, ки метавонанд на танҳо бе барқ монанд балки хатари бе обӣ ба онҳо таҳдид мекунад. Барои ҳамин кишварҳои Осиёи маркази ба хулоса омаданд, ки ин мушкилотро метавон танҳо дар якҷоягӣ ҳал кард.
“Мушклотро метавон ба монанди Тоҷикистон танҳо бо чораҳои қатъӣ, ба монанди ҷори намудани лимити барқ ҳал кард. Кишварҳои минтақа бояд барномаҳои дарозмуҳлат дошта бошанд. Бояд гуфт, ки баъд аз панҷоҳ сол камбуди об дар минтақа на инки мавсимӣ балкӣ доимӣ хоҳад шуд”,- гуфт роҳбари шуъбаи Институти Осиёи миёна ва кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.
Кишварҳи Осиёи миёна ба бозсозии ҳалқаи ягонаи энержӣ дар минтақа дар ҷаласаи роҳбарони идораҳои энергетикӣ, ки дар Остона соли 2017 баргузор шуд, баргаштанд.
Новобаста аз ин, раиси “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода баъд аз имзои созишнома эълон карда буд, ки ин ҳалқаро метавон дар давоми ду сол бозсозӣ кард, аммо то ҳол ин низом барқарор нашудааст.
Соли 2018 Душанбе ва Тошканд дар бораи истифодаи НБО Фарҳод ба тавуқ расиданд. Ҳоло Тоҷикистону Ӯзбекистон лоиҳаи сохтмони НБО дар рудхонаи Зарафшонро баррасӣ доранд.
Агар табиат барои кишварҳои Осиёи миёна тағйироти ғайричашмдошт дар минтақаро ба вуҷуд наорад, дар он сурат фурузонаки оддӣ барои мардуми минтақа наметавонад омилӣ сарват мандӣ шавад.