ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар дар фасли гармо лимити барқ ҷорӣ карданист. Ҳамчунин Тоҷикистон интиқоли барқро ба Афғонистону Ӯзбекистон қатъ мекунад.
Дар муроҷҷиатномае, ки Ҳукумат ба мардум кардааст, далели ҷорӣ шудани лимит панҷоҳ дарсад кам шудани об дар дарёи Вахш гуфта шудааст.
"Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Ҳамчунин гуфта шуда, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.
Ҳукумат мегӯяд, агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.
Гуфта мешавад, ки дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад. Ҳукумат қарор карда, ки бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ кунад.
"Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд".
Ҳукумат мегӯяд, маҷбур шудааст пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки вазъиятро дуруст фаҳманд.
"Дар вазъияти имрӯза ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад".
Ҳукумат даъват карда, ки ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.