ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз душанбе аввалаи ҳафтаи равон эълон кард. Тибқи нишондоди он қурби 1 евроро аз 11.9853 то 12. 3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.
Дар бозори нақд бошад қурби 1 евро то 12. 4500 сомонӣ мерасад.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русиро барои имрӯз 0.1429 сомонӣ ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта каме поинтар аст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3099 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.
Бонкдори №1: аз ҷалби миллиардҳо доллар амонатҳои шабонарӯзӣ то афзоиши ММД ва таваррум
Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1450 то 0,1475 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1440 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1440 то 0,1497 сомонӣ нишон дода шудааст.
Баженов: дурнамои рубли русӣ дар бозори ИДМ равшан аст
БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.