ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ҷамшед Аҳмадзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, ҳоло дар ягон ҷои Тоҷикистон ё аз сӯи ҳеҷ як ширкати давлативу ғайридавлатӣ манзили ройгон сохта намешавад.
“Агар ширкат ё фарде бошад, ки хоҳад хонаи бепул ва барои хайр созад, аз сӯи мо пурра дастгирӣ хоҳад ёфт. Мо омодаем ба ӯ бепул тарҳи сохтмонро омода карда, онро аз ташхис гузаронем. Аммо чунин кор дар ягон ҷо иттифоқ наафтодааст. Соҳибкор бидуни фоида кор намекунад”, - гуфт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон.
Тибқи иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ҳоло дар Тоҷикистон 2113 (2094 – 2019) муассиса, аз ҷумла 16 (20 – 2019) соҳибкори инфиродӣ, иҷозатномаи сохтмонро доранд. Дар сохтмонҳои Тоҷикистон 80 ширкати хориҷӣ, ба шумули Чин (32), Эрон (14), Русия (10), Туркия (4) ва бақия кишварҳо (20) кор мекунанд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар бораи хонаҳои арзон ё бепул вақте изҳори назар кард, ки сухан дар бораи маҷмӯаи “Манзили дастрас” дар Душанбе рафт.
Ин тарҳ соли 2013 аз сӯи шаҳрдории Душанбе пиёда шуд, ки бино ба он, дар пойтахт бояд як 20-ошёна, ҳафт 16-ошёна ва ду 18-ошёна аз ҳисоби буҷети шаҳр сохта, ба мардум арзон фурӯхта мешуданд. Як метри мукааби хона дар ин маҷмӯа, бино ба иттилои гуногун, аз 200 то 350 доллар арзиш дошт. Дере нагузашта ин сохтмон ба таъхир афтод.
Раҳбарияти тарҳ аз сӯи Прокуратураи генералӣ ба фасоди молӣ ва аз худ кардани ҳудуди 42 миллион сомонӣ муттаҳам шуд. Маҷмӯа соли 2019 анҷом ёфт ва мавриди истифода қарор гирифт, аммо Нурулло Наимов, раиси “Манзили дастрас” моҳи январи соли равон ба 21 сол равонаи зиндон шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ҳоло арзонтарин нархи як метри мукааб дар пойтахти Тоҷикистон 360 ва нархи миёнаи он 544 доллар аст. Бино ба ин манбаъ, нархи миёнаи як метри мукааб дар Маскав 3 316, Ишқобод – 2 400, Минск – 1 068, Кишинёв – 791, Алмаато – 953, Боку – 108 ва Тошканд - 678 доллар мебошад.