ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки сохтмони тарҳи CASA-1000 дар ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон бо маром идома дорад ва интизор меравад, ки то соли охирҳои соли 2021 корҳои сохтмонии он пурра ба анҷом расанд.
Муовини вазир, дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ идома дода шуда, ҳамчунин то ин муддат конструксияҳои металии равоқпояҳо, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ ба майдони сохтмонӣ ворид карда шуданд.
Покистон мехоҳад тариқи лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон қувваи барқ интиқол диҳад
“Ҳарчанд хурӯҷи бемории COVID-19 ба суръати корҳои сохтмони бе таъсир намонд, вале корҳои сохтмони вусъати тоза доранд. То кунун бештар аз 30 дарасади таҷҳизоти зарурии сохтмони тарҳи мазкур ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст”, - таъкид дошт муовини вазир.
Вай ҳамчунин афзуд, ки таҳти ҳамоҳангсозии Вазорат музокиротҳо байни ширкати пудратии Калпатару ва ширкати “Ноқили Талко” вобаста ба харидории ноқили навъи “ФАЗАН” дар ҳаҷми 1780 км ба анҷом расида, санаи 11 майи соли 2020 шартнома ба маблағи 9,7 млн. доллар ба имзо расида, маблағи пешпардохт ба ширкати мазкур дар ҳаҷми 1,9 млн. доллар пардохт карда шуда, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷории лоиҳа аз ҷониби Ситоди доимоамалкунандаи лоиҳа 7 ҷаласа гузаронида шудааст.
Вай гуфт, дар доираи қисматҳои лоиҳаи минтақавии CASA-1000 корҳои лоиҳакашию ҷустуҷўӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома дода шуданд
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 хати интиқоли барқро, ки шароити содироти барқро аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон фароҳам меоварад, дарбар мегирад. Ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистон ва Покистон солона дар ҳаҷми 1300 мВт. неруи барқро содирот намоянд.