ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Покистон мехоҳад созишномаи тарҳи CASA - 1000 - ро ислоҳ кунад, хабар медиҳад нашриёти The News.
Покистон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват карда, ки як банди созишномаи тарҳи CASA-1000 - ро, ки тҷиорати дуҷонибаро дар бар мегирад, ислоҳ кунанд.
Тибқи созишномаи кунунӣ Покистон муваззаф аст дар фасли гармо дар давоми панҷ моҳ аз май то октябр аз Тоҷикистон ва Қирғизистон 1000 мегават қувваи барқ харидорӣ кунад.
CASA-1000 мушкилии барқро дар Исфара ҳал мекунад
Дар баробари ин Покистон мехоҳад ҳаққи фурӯши қувваи барқро дар ҳудуди Қирғизистону Тоҷикистон пайдо кунад.
Чуноне коршиносон мегӯянд, Покистон қасд дорад дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ барои як киловат қавваи барқ 9,5 сенти амрикоӣ бигирад, вале мушкил ин аст, ки дар ин кишварҳо аллакай таърифа ҷорӣ шудааст, ки нисбат ба ин нархнома арзонтар аст.
Масалан Узбакистон аз Тоҷикистон як киловат қувваи барқро бар ивази 2 сенти амрикоӣ харидорӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, ки моҳи феврали соли равон Тоҷикистон ба амалисозии тарҳи CASA - 1000 оғоз кард. Дар дигар кишварҳои шарик - Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон низ ба амалӣ кардани ин лоиҳа шурӯъ карданд.
Узбакистон мехоҳад ба CASA-1000 ҳамроҳ шавад
Тарҳи CASA-1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа ва пайвандсози тавлидкунандагону истеъмолкунандагони нерӯи барқ, ки аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мегузарад, мебошад.
Тахмин меравад, ки мувофиқи ин лоиҳа 70%-и нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон тавлид хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ мувофиқи лоиҳаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон 5 миллиард кВт/с нерӯи барқ равон карда мешавад.