ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Садамаи аввал рӯзи 11-уми июл, тахминан соати 4:30-дақиқа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух дод.
Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ронандаи 30 - солаи автомашинаи тамғаи "Хафей-Таенен" Раҳимов Сунатулло ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Гулистон, воқеъ дар наздикии хонаи истиқоматиаш аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори канори роҳ бархурдааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расид.
Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд
Ҳамчунин дар шаҳри Ҳисор низ як садамаи дигари нақлиётӣ рух дод.
Манбаъ меафзояд, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 20:40-дақиқа автомашинаи тамғаи "Газел", таҳти идораи Абдуллоев Садриддин Ҷамолиддинович, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри мазкур, мусофири автомашина, Ашуров Шерзод сокини деҳоти Ҳисор аз беэҳтиётӣ ба замин афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, навраси 17 - сола дар беморхона ба ҳалокат расид.
Феълан, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.