Президент ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе ду иншооти навро дар пойтахт ифтитоҳ кард

© пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон и Рустам Эмомали
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо Раиси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро баъди таъмиру навсозии пурра ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, имрӯз бо ҳузури президенти кишвар инои Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ифтитоҳ ёфт.

Эмомали Рахмон открыл новую эстакаду - Sputnik Тоҷикистон
Эстакадаи нав дар Душанбе ифтитоҳ ёфт: Раҳмон лентаашро бурид - аксҳо

Гуфта шудааст, ки қаблан ин бино вайрону валангор ва солҳои зиёд бекорхобида буд. Ҳамакнун навсозӣ гардида, дар он барои кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати умурии дохилии Тоҷикистон шароити мукаммали корӣ фароҳам оварда шуд.

Бинои 8-ошёна дорои 43 утоқи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба рангу бор ва ороиши иншооти мавҷуда намои берунаи бино оро ёфтааст ва равшании онро дар шаб чароғакҳои ҳархелаи ҷилодиҳанда таъмин менамоянд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки корҳои сохтмонӣ аз тарафи сохтмончиёни Раёсати сохтмони асосии ВУД ва ҳашари дастаҷамъонаи кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза” иҷро гардидаанд.

Ҳамчунин имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи пойтахт марҳилаи аввали Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”-ро ифтитоҳ карданд.

Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳо  истеҳсол менамояд.

Қоҳир Расулзода дар шаҳри Норак - Sputnik Тоҷикистон
Чаро Қоҳир Расулзода боз ба вилояти Хатлон сафар кард?

Гуфта шудааст, ки “Тоҷтекс” ҳамзамон истеҳсоли таҳпӯшро низ роҳандозӣ кардааст ва барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.

Манбаъ таъкилд доштааст, ки корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” дар як шабонарӯз имкон дорад то 20 ҳазор адад сару либоси гуногунро истеҳсол карда, дар маҷмӯъ, дар як моҳ аз 250 то 500 ҳазор дона либосро омода ва ба харидорон пешниҳод намояд. Дар маҷмӯъ, корхона тавлиди бештар аз 50 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст, ки мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад.

“Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолнамуда имконият медиҳад, ки минбаъд сару либоси он чун маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шавад”, - зикр намудааст дафтари раисҷумҳури кишвар.

Роҳбарияти корхона дар оянда ҳадаф доранд, ки содироти маҳсулоти корхонаро ба дигар кишварҳо роҳандозӣ намуда, маҳсулоти Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар Душанбе корхонаи ҷӯроббофиро ифтитоҳ карданд

Мавриди зикр аст, ки боқимондаи маҳсулоти коркардшуда низ харидорони худро дошта, партови он ба дигар корхонаҳо интиқол меёбаду дар соҳаи саноат истифода бурда мешавад.

Гуфта шудааст, ки коргоҳи нав аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азиза Қосимӣ бунёд гардида, ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Корхонаи навтаъсис таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, ки аз Тайван ва Туркия дастрас гардидаанд, насб шуда, сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳанд кард.

“Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо расму навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад. Бо истифода аз ин дастгоҳ, ки ба иттилои масъулин айни замон дар мамлакат ягона мебошад, чопи манзараҳои зебои кишвар, навиштаҷоти гуногун ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи либосҳои мардонаву занона роҳандозӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ таҷҳизоти кории корхонаи навтаъсис аз ширкатҳои пешқадам харидорӣ гардида, дар муқтадиртарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд”, - қайд кардааст манбаъ.

Бо истифода аз имконот дар коргоҳи навтаъсиси “Тоҷтекс” тамоми марҳилаҳои истеҳсолии сару либос мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсолот сурат мегирад.

Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар пойтахт истгоҳи обполоиро ифтитоҳ карданд

Ҳамзамон масъулини ин корхона ба раисҷумҳури кишвар иттилоъ доданд, ки айни замон сохтмони навбати дигари иншооти мазкур идома дошта, дар он сехи дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маркази савдо, намоишгоҳи махсуси сарулибос ва дафтари корӣ ҷой дода мешавад.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар давоми ду соли баъдӣ иншооти мазкур бунёд хоҳад ёфт, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави кориву рушди истеҳсоли сару либоси ватанӣ мусоидат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0