ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Дар доираи сафар ба вилояти Хатлон сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Норак аз рафти татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва навсозии НБО-и Норак” ва бо ҷараёни корҳои бунёди иншооти таъйиноти гуногун дар ҳудуди шаҳр ошно шуд, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар”.
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки то моҳи декабри соли равон як агрегати НБО-и Норак пурра таъмир ва навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, дирӯз дар шаҳри Норак бо иштироки сарвазир сехи коркарди маҳсулоти чубӣ ва коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи истеҳсоли нушоба ва партовгоҳи марказии шаҳр пас аз сохтмон ифтитоҳ шуд.
Гуфта шудааст, ки партовгоҳи марказии шаҳр дар доираи Лоиҳаи “Партовҳои сахти маишии шаҳри Норак” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуд.
Дар шаҳри Норак дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти сохтмон ва навсозии 193 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 77 тои он сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон аз лоиҳаи сохтмон ва навсозии бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Парчам, Нишони давлатӣ бо гулгашти атрофаш, боғчаи кӯдакона, сохтмонии майдончаи варзишӣ, шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардории беморхонаи ноҳия, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, бунёди коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои корӣ ва либосҳои таҳпӯши кӯдакона, барқарорсозии пули мошингузар, фермаи чорвои калони гуштӣ ва самаранок истифодабарии замин шинос шуд.
Зимни мулоқот бо фаъолон ва хоҷагидорон таъкид карда шуд, ки бо сабаби паҳн гаштани бемории сироятии COVID-19 ва мураккаб гардидани вазъияти кишварҳои ҷаҳон дар самти истифодабарии самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва саҳроӣ дарки масъулияти бештар ба миён омадааст.
Вобаста ба ҳолати ҷойдошта барои 40 дарсад зиёд намудани майдони кишти картошка ва 60 дарсад афзоиш додани кишти такрорӣ аз ҷониби Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дастуру супоришҳои махсус дода шудааст.
“Аз ин рӯ, масъулони вилоят, ноҳия ва фаъолону хоҷагидорон вазифадор карда шуданд, ки дар самти риояи қойдаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар амалҳои лозима тадбирҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни сокинон тақвият бахшанд”, - таъкид доштааст сарвазири кишвар.
Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки дар самти рушд бахшидани тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ низ дар ноҳияи Ёвон бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, маориф, тандурустӣ, хизматрасонию маишӣ, варзишӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дорад.