Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар Душанбе корхонаи ҷӯроббофиро ифтитоҳ карданд

© Sputnik / Амир ИсаевМэр Душанбе Рустам Эмомали и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Мэр Душанбе Рустам Эмомали и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар коргоҳ 300 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Корхона намудҳои гуногуни ҷӯробҳои мардонаву занона ва ҷӯроб барои кӯдакону наврасон ва ҷӯробҳои варзишӣ истеҳсол мекунад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Имрӯз, 15 январ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ба фаъолияти ширкати "Ваҳдат", ки ба истеҳсоли ҷӯроб машғул аст, оғози расмӣ бахшиданд.

Новые цеха производства полипропиленовых мешков на заводе в Яване  - Sputnik Тоҷикистон
Давоми даҳ моҳ дар вилояти Хатлон 73 корхонаю коргоҳ таъсис ёфт

Тавре дафтари матбуоти президент гузориш медиҳад, корхонаи ҷӯроббофӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Илҳом Мирзоев бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, иқтидори истеҳсолии корхона 19 миллиону 200 ҳазор ҷӯроб дар як сол буда,  300 нафарро ба кор таъмин кардааст.

 

"Музди миёнаи маоши коргарон аз 800 то 1200 сомониро ташкил дода, дар корхона намудҳои гуногуни ҷӯробҳои мардонаву занона ва ҷӯроб барои кӯдакону наврасон ва ҷӯробҳои варзишӣ истеҳсол карда мешаванд", - афзудааст манбаъ.

Маҳсулоти истеҳсолшуда ба Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон содир хоҳад шуд.

Маъмурияти корхонаи ҷӯроббофии “Ваҳдат” истеҳсолотро пурра аз ҳисоби пахтаи ватанӣ ба роҳ мондааст.

Лентаи хабарҳо
0