ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1431 сомонӣ ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3092 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6762то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бар пояи нишондодҳои ахир, арзиши рубл дар бозори асъори кишвар, ки ҳафтаи гузашта каме боло буд, ин ҳафта дар бонкҳои кишвар аз 4 то наздики 7 сомонӣ поин нишон дода шудааст.
Доллар бошад, давоми ҳафтаи равон дар ҳоли суқут қарор дорад, аммо коршиносони умури иқтисод қаблан гуфта буданд, ки ҷаҳиши ин астъор дар моҳи июл шурӯъ хоҳад шуд.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.
Ҷаҳиши боварнакардании доллар дар тобистон: пешгӯии иқтисоддонҳо
Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1475 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1335 то 0,1490 сомонӣ нишон дода шудааст.
Иқтисодчиён пешбинии дақиқи қурби долларро то тирамоҳ гуфтанд
БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.