Рубл дигар наметавонад: коршинос аз ҷаҳиши якбораи доллар огоҳ мекунад

© pixabayДоллары США
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршинос гуфт, ки курси доллар ва рубл чигуна хоҳад буд ва дар бозори асъор вазъ дар ҳафтаи наздик чигуна хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҳафтаҳои наздик рубл дигар устувор шуда наметавонад, гуфтааст коршиноси рус Иван Копейкин дар мусоҳиба бо "Российская газета".

Ба гуфтаи иқтисодшинос, чанд омил боиси заиф шудани рубл мешаванд.

Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард
Далели аввалро коршинос баромадани Русия аз низоми худинзивоӣ мегӯяд, ки ба боло рафтани воридот ва баланд шудани талабот ба асъор меорад.

Муҷрими дувуми заифии рубл, ба гуфтаи ӯ, коҳиши ҳаҷми фурӯши асъор дар чорчӯбаи қавонини буҷа аст. Зеро арзиши нефт ба андоза боло рафтааст.

 

"Тиллои сиёҳ дар умум, агар кам будани талаботро ба назар гирем, хело гарон шудааст. Дигар ҳаракат кардан хело мушкил мешавад. Ба савдои нафт дар оянда, шурӯи добораи истихроҷи он фишори муайян хоҳад расонид", - мегӯяд Копейкин.

Доллары - Sputnik Тоҷикистон
Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

Аз дигар омилҳои беқурб шудани рублро иқтисодшинос фоизҳи қарзӣ медонад, ки дар Русия паст мешаванд.
Ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин дар иқтисоди ҷаҳонӣ низ ба арзиши рубл таъсири манфӣ хоҳад расонид.

Афзун бар ин, эҳтимоли мавҷи дувуми коронавирус мавҷуд аст, ки дар он ҳолат рубл ва дигар дороиҳои хавфнок аз се то ҳашт дар садашонро гум мекунанд.

"Барои ҳамин мисли пештара доллар нисбати рубл ба ҳудуди 72-73 бармегардад. Ин нишондодро асъори амрикоӣ ба шарофати пандемияи коронавирус соҳиб шуда буд", - гуфт дар анҷом коршинос. 

 

 

Лентаи хабарҳо
0