ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тибқи як назарсанҷии Sputnik, аз даҳ як амрикоӣ бар ин назар аст, ки Русия душмани Иёлоти Муттаҳида дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ буд.
Ҳудуди 77 ва 67 дарсади мусоҳибон бар инанд, ки рақибони калидии ИМА дар солҳои 1941-45 - Олмон ва Ҷопон буд.
Ҳамзамон, 11 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки Амрико бо Русия ҷанг кардааст ва танҳо 5 фисад аз ҷанги АмрикобоЧин ҳарф заданд.
Гузашта аз ин 8 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки бехабра аз онанд, ки ИМА бо кадом давлатҳо ҷангид.
Ба мусоҳибон инчунин дар бораи ҷашн гирифтани 8 май дар кишварашон - Рӯзи Ғалаба дар Аврупо (V-E Day) пурсида шуд. Дар натиҷа, 69дарсади мусоҳибон инро намедонанд (42%) ё ба савол нодуруст ҷавоб доданд (27%).
Ҳамзамон, 63фисад Ҳолокостро ҳамчун генотсиди яҳудиён дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд, аммо 12 дарсади дигар умуман дар бораи ин калима маълумот надоранд.
Ҳимояти Лавров аз RT ва Sputnik - видео
Назарпурсии мазкур барои Sputnik News дар Амрико аз 22 то 25 майи соли ҷорӣ сурат гирифт, ки дар он ҳудуди 11 004 нафар аз 18 сола боло иштирок намуданд.
Лоиҳаи байналмилалии таҳқиқоти афкори ҷомеа моҳи январи соли 2015 оғоз ёфт. Шарикони лоиҳа ширкатҳои машҳури таҳқиқоти Populus, Ifop ва Forsa мебошанд. Ҳамчун як қисми лоиҳаи Sputnik.Андешаҳо, дар Аврупо ва ИМА мунтазам оид ба масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва сиёсӣ пурсишҳои афкори умум гузаронида мешаванд.
Sputnik яке аз бузургтарин расонаҳои байналмилалӣ буда, сайтҳои интернетии чандрасонаиро бо 33 забон, пахши аналогӣ ва рақамӣ дар зиёда аз 90 шаҳри ҷаҳон дар бар мегирад. Хабарҳои Sputnik дар тӯли шабонарӯз маълумотро ба нашрияҳои пешрафтаи ҷаҳон бо забонҳои англисӣ, арабӣ, чинӣ, испанӣ ва форсӣ мерасонанд.
Теъдоди шунавандагони манбаъҳои иттилоотии Sputnik дар як моҳ беш аз 80 миллион нафарро ташкил медиҳад, шумораи умумии муштариёни шабакаҳои иҷтимоии Sputnik аз 20 миллион нафар зиёд аст. Зиёда аз 24,000 нафар даҳҳо миллатҳо дар 24 маркази таҳририя дар саросари ҷаҳон аз Бишкек то Кишинёв ва аз Пекин то Монтевидео кор мекунанд. Sputnik узви гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" аст. Идораи марказии Sputnik дар Маскав ҷойгир аст.