ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Афғонистон омодагии худро барои интиқоли бор тавассути қаламраваш аз Эрон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон танҳо пас аз кушодани марзҳо байни Эрон ва Туркманистон эълом кард.
Ба андешаи Елена Кузнетсова ба Sputnik Тоҷикистон гуфт:"Ин масири лоҷувардӣ барои Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказист. Ҳама гуна масирҳои транзитӣ барои ин кишварҳо хеле муҳиманд, зеро ин давлатҳо ба баҳр дастрасӣ надоранд".
Ба ақидаи ӯ, ин бо Афғонистон, ҳадди ақалл аз ҷиҳати бехатарии бор, душворӣ пеш меорад, ҳарчанд мақомоти Афғонистон амнияти комилро ваъда медиҳанд.
Ӯ мегӯяд, новобаста ба он ки пандемияи коронавирус вуҷуд дорад, аммо ҳаракатҳои транзитӣ қатъ нагашт.
"Нахуст сухан дар бораи ҳалли масъалаҳои тарифҳои байнидавлатӣ ва иқтисодӣ ва пеш аз ҳама транзитӣ меравад. Бо назардошти вазъи душвори иқтисодии Туркманистон пеш аз пандемия, ҳоло яке аз имкониятҳои ин кишвар баланд бардоштани тарифҳои транзитӣ мебошад, ки барои ҳамаи давлатҳои дигар фоидаовар нест", - коршинос мешуморад.
Аммо, ба гуфтаи вай, ҳоло кишварҳо сари ин масъала ба мувофиқа нарасидаанд.
"Барои Тоҷикистон, ин боз ҳам муҳимтар аст, зеро дар ин кишвар муддати тӯлонӣ ҳамлу нақл дар ҳоли маҳдуда қарор дошт, ки дар имкони рушди иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ гузошт", гуфт коршинос.
Қаблан Рӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи Идораи гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRICA) гуфт, кишвараш аз 1 июн сарҳадҳоро бо Туркманистон боз мекунад.
Гуфта мешавад ин танҳо дар ҳоле имконпазир мегардад, ки чораҳои зиддиэпидемиологӣ пурра риоя карда мешаванд.
Мақомоти Афғонистон дар робита ба ин гуфтааст, ки дар рӯзҳои наздик, Афғонистон омода аст, ки роҳи транзити Эронро тавассути кишвараш ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кушояд, аммо дар баробари ин шарт гузоштааст, ки Эрон сарҳади Туркманистонро боз кунад.