Афғонистон барои интиқоли бор аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламраваш шарт гузошт

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкГраница между Кыргызстаном и Казахстаном
Граница между Кыргызстаном и Казахстаном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афғонистон омодагии худро барои интиқоли бор тавассути қаламраваш аз Эрон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон танҳо пас аз кушодани марзҳо байни Эрон ва Туркманистон эълом кард

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Рӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи Идораи гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRICA) гуфт, кишвараш аз 1 июн сарҳадҳоро бо Туркманистон боз мекунад.

Сотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистон ба рӯйи кадом ҳамсоягонаш боз мондааст?

Гуфта мешавад ин танҳо дар ҳоле имконпазир мегардад, ки чораҳои зиддиэпидемиологӣ пурра риоя карда мешаванд.

Мақомоти Афғонистон гуфтааст, ки дар рӯзҳои наздик, Афғонистон омода аст, ки роҳи транзити Эронро тавассути кишвараш ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кушояд, аммо дар баробари ин шарт гузоштааст, ки Эрон сарҳади Туркманистонро боз кунад.

Вай инчунин гуфт, ки ҳоло дар як рӯз тақрибан 100 мошини боркаш метавонад аз марз бо Покистонро убур кунад.

Қобили зикр аст, ки пас аз ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрел Туркманистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ гардид, ки ба пандемия ба он нарасидааст.

Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон ҳамаи парвозҳои байналмилалиро бо сабаби коронавирус то 20 июн тамдид карда буд.

Лентаи хабарҳо
0