Радди хабарҳо аз сӯи "UtAir": санаи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

© SputnikСамолёт авиакомпании "ЮТэйр". Архивное фото
Самолёт авиакомпании ЮТэйр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "UtAir" санаи 24-25 май як гурӯҳ шаҳрвандони Русияро аз Тоҷикистон ба ватанашон бармегардонад

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дафтари марказии "Utair", як ширкати ҳавонавардии русӣ, ба Sputnik Тоҷикистон хабарҳо дар бораи шурӯъи парвозҳои маназзам миёни Тоҷикистону Русияро рад карда, гуфт, парвози навбатӣ аз Тоҷикистон ба Русия санаи 24-25 май дар назар аст.

 “Ин парвоз дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Русия анҷом дода хоҳад шуд. Парвози ҳавопаймо рӯзи 24-25 май аз Душанбе ба самти Маскав анҷом мешавад. Танҳо шаҳрвандони Русияро аз Душанбе хоҳад овард. Парвоз бо хоҳиши вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон сурат мегирад", - таъкид кардааст маркази матбуоти ширкат.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки "Utair" шуруъ аз 1 июл парвозҳои масири Маскав-Душанбе – ро аз сар хоҳад гирифт.

Ҳавопаймоҳои кадом ширкатҳо аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд

Бино ба ин манобеъ, ки ба “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” истинод мекарданд, ҳатто қимати чипта 670 евро муайян шудааст ва далели дучанд шудани онро ҳам тадобири беҳдоштӣ арзёбӣ кардаанд.

Парвози махсуси "Уралские авиалинии" шаҳрвандоин Русияро аз Тоҷикистон берун овард

Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвозҳои чартерӣ аз Душанбе ба Маскав аслан вуҷуд надоранд ва парвозе, ки рӯзҳои 24 – 25 май анҷом мешавад, тавофуқи миёни кишварҳо аст, на фурудгоҳу ширкати ҳавонавардӣ.

“Ҳозир ба далоили вазъияте, ки дар пайи густариши “вируси корона” пеш омадааст, намешавад дар бораи парвозҳои муназзам суҳбат кард. Мантиқан, ҳеҷ музокироте дар ин бора бо ҷониби Русия надорем. Фурсат ки мусоид шуд, бидуни гуфтугузори зиёд парвозҳо амалӣ мешаванд. Ҳама дар орзуи ин рӯзҳо нишастаем”, - гуфт Ҷамила Ҳусейнова.

Охирин парвоз аз рӯи график миёни Русияву Тоҷикистон 27 марти соли равон анҷом гирифта буд. Пас аз он бо ибтикори ҳукуматҳои ду кишвар парвозҳои хос анҷом мешаванд, ки ба интиқоли афроду дорувориву дигар заруриёт маҳдуд мешавад.

Лентаи хабарҳо
0