Ҳавопаймоҳои кадом ширкатҳо аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои Airbus-320-и ширкати S7. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Airbus-320-и ширкати  S7. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвози мустақим аз Тоҷикистон ба Русия тарқибан аз 2 то 2,6 ҳазор сомонӣ нарх дорад. Нархҳои чиптаҳо вобаста ба таъиноташон фақр мекунанд.

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар бастагӣ бо зиёд шудани шумораи парвозҳо Sputnik Тоҷикистон хотиррасон менамояд, ки ба кадом шаҳрҳои Русия шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тариқи нақлиёти ҳавоӣ парвоз намоянд.

Айни замон парвозҳои мустақим аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии S7 Airlines, Ural Airlines, Tajik Air, UTair и Somon Air анҷом дода мешаванд.

Ҳамин тавр парвоз аз Маскав ба Душанбе  аз 9 то 11 ҳазор рубли русӣ (1-1,3 ҳазор сомонӣ) нарх дорад. Чиптаи бозгаштро бошад ба ҳисоби миёна бо нархи 17-22  ҳазор рубли русӣ (2-2,6 ҳазор сомонӣ) харидорӣ кардан мумкин аст.

Ural Airlines

Ин ширкат Душанберо бо Санкт-Петербург, Екатеринбург, Самара, Оренбург, Челябинск, Краснодар ва Казан мепайвандад. Акнун ширкати ҳавопаймоии Урал низ мехоҳад аз фурӯдгоҳи Жуковскии Маскав ба Тоҷикистон хатсайрҳои ҷадид кушояд.

Ба ҳисоби миёна нархи як чипа аз Тоҷикистон ба Санкт-Петербург 16 ҳазор рубли русӣ (наздики 2 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Tajik Air

Ин ширкати ҳавоӣ ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургут парвозҳои мустақим анҷом медиҳад. Тариқи ҳавопаймоҳои ин ширкат аз Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ метавон парвоз намуд.

Дар ояндаи наздик ширкати ҳавопаймоии Tajik Air мехоҳад аз Қурғонтеппа ба Екатеринбург, Новосибирск ва Казан парвозҳои мустақим кушояд.

Нархи чипати бозгашти ин ширкат  аз 28 то 30 ҳазор рубли русӣ (3,5 ҳазор сомонӣ) мебошад.

UTair

UTair Маскав, Санкт-Петербург, Нижний Новгород, Уфа, Минеральные Воды, Новый Уренгой, Сургут ва Тюменро бо Душанбе мепайвандад.

Чиптаҳои ҳавоӣ аз Маскав ба Душанбе бо бозгашт 23 ҳазор  рубли русӣ (2,7 ҳазор сомонӣ) нарх доранд.

Somon Air

Аввалин ширкати ҳавопаймоии хусусӣ омода аст мусофиронро аз Душанбе ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Иркутск, Казан, Краснодар, Красноярск ва Оренбург  расонад.

Дар баробари ин парвозҳои мустақими ин ширкат шаҳри Хуҷандро бо Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Краснодар, Казан, Оренбург, Новосибирск, Екатеринбург ва Красноярск мепайвандад.

Чиптаи Маскав-Душанбе бо бозгашт 27-28 ҳазор рубли русӣ (3,3 ҳазор сомонӣ) нарх дорад.

S7 Airlines

Ҳавопаймоҳои ширкати S7 аз Душанбе ба Новосибирск парвозҳои мунтазам анҷом дода мусофирон аз ин минтақа метавонанд ба дигар шаҳрҳои Русия раҳсипор шаванд.

Дар баробари ин ширкати  "Новапорт", ки фурӯдгоҳи байналмиллалии "Кемерово" ба он тааллуқ дорад хостори кушодани хатсайрҳои мустақим бо Тоҷикистон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0