https://sputnik.tj/20200521/Sugd-sohibi-ozmoishgohi-virusolog-meshavad-1031274955.html
Пас аз тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт: Суғд соҳиби озмоишгоҳи вирусологӣ мешавад
Пас аз тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт: Суғд соҳиби озмоишгоҳи вирусологӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Бо фаъол шудани ин озмоишгоҳ, акнун ташхиси сокинони вилояти Суғдро барои муайян кардан на ба пойтахт, балки дар худи вилоят дақиқ мекунанд 21.05.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-05-21T12:04+0500
2020-05-21T12:04+0500
2020-05-21T12:28+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, суғд, озмоишгоҳ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, суғд, озмоишгоҳ
Пас аз тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт: Суғд соҳиби озмоишгоҳи вирусологӣ мешавад
12:04 21.05.2020 (Навсозишуда: 12:28 21.05.2020) Бо фаъол шудани ин озмоишгоҳ, акнун ташхиси сокинони вилояти Суғдро барои муайян кардан на ба пойтахт, балки дар худи вилоят дақиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Интизор меравад, то авохири ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд озмоишгоҳи вирусологӣ барои дақиқ намудани ташхиси сокинон аз коронавирус шурӯъ ба кор мекунад, хабар медиҳад котиботи раиси вилояти Суғд.
Ин озмоишгоҳ тоза дар вилояти Суғд фаъол мегардад ва он акнун дувумин озмоишгоҳи вирусологӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ хоҳад буд.
Зимнан, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббии марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки акнун тамоми ашхоси шубҳанок ба ин намуди беморӣ дар вилоят мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт.
Даргузашти Саидшоҳ Акрамов, ҷарроҳи шинохта аз коронавирус
Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари гурӯҳи СҶБ дар Тоҷикистон Патрик О. Конор зимни ҷамъбаста натиҷаҳои кори ин гурӯҳ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон бояд иқтидори озмоишӣ васеъ карда шавад, то ки он на танҳо дар Душанбе, балки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шавад.
"Зеро як озмоишгоҳ дар пойтахти Тоҷикистон барои тамоми кишвар кифоя нест", - таъкид намуда буд ӯ.