ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд табибони аз ҳамсоякишвар омада эпидемиолог, вирусолог ва эҳёгарон мебошанд.
Неъматҷон Ибрагимов, роҳбари гурӯҳи табибони варзидаи Ӯзбекистон, бо ситоиш аз табибони вилоят гуфтаааст, бо чунин тарзи корбари табибони пуртаҷриба ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 дар ояндаи наздик пурра маҳв хоҳад гардид.
Номбурда ин нуктаро зимни дидор ва мулоқот бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд изҳор дошта гуфтааст, ӯ бо ҳамроҳонаш таи ду рӯз дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони тоҷики худ дар беморхонаҳои вилоят фаъолият бурда, бо ҳамдигар табодули таҷриба намудаанд.
Неъматҷон Ибрагимов гуфтааст, дар беморхонаҳои вилоят табибони касбӣ фаъолият доранд.
“Бисёр методҳои пешрафта ҷавобгӯ ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурсти ба роҳмонда шуда муолиҷаи беморон ба таври профессионали сурат гирифта истодаанд” ,-гуфтааст табиби ӯзбек.
Коршинос гуфт, Ӯзбекистон чихел метавонад дар мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон ёрӣ кунад
Гурӯҳи дуввуми табибони Ӯзбекистон иборат аз чор нафар барои мубориза бар зидди паҳншавӣ ва сироятёбии бемории COVID-19 бо ҳамтоёни тоҷики худ ташриф оварданд.
Ёдовар мешавем чанде қабл як гуруҳи ҳаштнафараи табибони сатҳи баланди Ӯзбекистон бо дастури Шавкат Мирзиёев барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус вориди Душанбе гашта, имрӯз дар ин самт кор кардаистодаанд.
Бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони ин беморӣ дар кишвар ба 2140 нафар расид. Ҳамзамон 470 нафар шифо ёфтаву 41 нафар фавтидаанд.