ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон дар гузорише тавзеҳ додааст, ки бештар аз 11 миллион доллари АБР зидди коронавирус дар Тоҷикистон чигуна истифода хоҳад шуд. Манбаъ таъкид намудааст, ки аз истифодаи ин маблағҳо ҳисобот ҳам пешниҳод хоҳад шуд.
"Аз 11,3 млн. доллари грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) 6,3 миллион доллараш барои тақвияти иқтидорҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, яъне хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақал 100 бистари нав ва хариди дигар маводи мавриди ниёзи аввал барои муқовимат бо пандемия пешбинӣ шудааст", - менависад манбаъ.
Вазорат таъкид мекунад, ки ҳарчанд байни Тоҷикистон ва АБР созишномаи грантӣ барои амалисозии "Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон" моҳи апрел ба имзо расиду парлумон ҳам онро ба тасвиб расонид, истифодаи ин маблағҳо пас аз ба анҷом расидани расмиёни Бонки ҷаҳонӣ шурӯъ мешавад.
Ҳамин тавр, аз 11,3 миллион доллар барои омода намудани соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ ба муқовимат бо вируси корона 1 миллион доллар, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ 3 миллион доллар, нигаҳдории марказҳои татбиқи лоиҳаҳои Вазорати тандурустӣ в барои амалинамоӣ ва мониторинги лоиҳа барои давраи солҳои 2020 – 2021 дар созишнома 1 миллион доллараш пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади истифодаи таҷриба ва имконоти ташкилоти ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бахусус таъмини шаффофият барои амалӣ намудани қисмати якуми созишнома (6,3 миллион доллар), яъне хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ ва либоси махсус, ташкилоти UNOPS, ки як бахши амалиёти СММ барои сохтори Созмони Милал, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва шарикони дигари ҷаҳон маҳсуб меёбад, ҷалб гардидааст.
Тоҷикистон аз Аврупо 78 миллион евро пурсид. Посух: ҳам қарзу ҳам грант медиҳанд
Дар доираи талаботи марбутаи ин Созишнома ҳисобот дар бораи истифодаи маблағи 11,3 миллион доллари амрикоии грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар сомонаи расмии Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегардад.