Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Боз қарз: Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон 189,5 млн. доллар дод

© PixabayДеньги с защитной маской
Деньги с защитной маской - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сандуқи байналмилалии пул ахиран эълон намудааст, ки ба ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо вируси корона дар ҳаҷми 189,5 миллион доллар кумак хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ахиран шӯрои иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард.

Возле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Амонатбонк” боз аз Бонки давлатии рушди Чин 60 миллион юани чинӣ қарз мегирад

Тибқи иттилои манбаъ,  маблағи мазкур барои қонеъ намудани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид доштааст, ки ин кумак ба “пешгирӣ аз ҷиддан бесубот шудани вазъи иқтисод ва ҳаёти одамон, нигаҳдории имконот барои хароҷоти муҳими соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии вобаста ба COVID-19” ёрӣ мерасонад.

Тибқи иттилои манбаъ, вируси корона ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон таъсири назаррас мерасонад.   Дар ҳоли ҳозир, пешгӯйӣ мешавад, ки имсол рушди иқтисод 2% поин рафта, касри умумии буҷет то 7,7% нисбат ба ММД меафзояд”, - қайд кардаанд таҳлилгарони ХБА.

Муовини директори иҷроияи Сандуқ  Тао Чжан изҳор доштааст, ки камбудиҳо дар соҳаи савдо ва боркашонии нақлиётӣ ба коҳиши босуръати интиқоли пул ва даромадҳои давлатӣ боис гардида, зарурати таъҷилии маблағгузорӣ ба тавозуни пардохт ва буҷет ба миён омадааст.

“Кумаки молиявии Сандуқ қисми назарраси маблағҳои лозимро барои роҳандозии тадбирҳои зиддибуҳронӣ таъмин мекунад. Барои рафъи норасоии маблағи боқимонда пешниҳоди сармоягузории имтиёзнок ва грантӣ аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ аҳаммият дорад”, - илова кардааст Сандуқи байналмилалии пул.

Лентаи хабарҳо
0