Боздошти "Ҳоҷиёдгор"-и доруфурӯш: аз ҳисоби гарон кардани нархи дору ду "Лексус" харидааст

© РВКД ДушанбеЗадержание недобросовестных продавцов медицинскими препаратами в Душанбе
Задержание недобросовестных продавцов медицинскими препаратами в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Вазорати корҳоди дохилии Тоҷикистон дар Душанбе дар пайи баррасии шикояти шаҳрвандон оид ба гарон кардани нархи доруворӣ панҷ ҳолати бо роҳи сунъи гарон кардани дорувориро ошкор кардааст

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik.  Тибқи иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, панҷ ҳолат танҳо давоми як рӯз зимни баргузории амалиёти шартии “Дорухона” боздошт шудаанд.

Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сардухтур: харид ва захираи пешакии антибиотикҳо кори нодуруст аст

Манбаъ мегӯяд, зимни амалиёт маълум шуд, ки баъди дар кишвар ба қайд гирифтани COVID-19 як гурӯҳ фурӯшандагони дорухонаҳо фазои сунъиро ба вуҷуд оварда, бо мақсади ба даст овардани даромади аз ҳад зиёд аз чунин вазъияти баамаломада бевиҷдонона истифода бурда, арзиши лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла дастпӯшак, ниқобҳои тиббӣ ва намудҳои гуногуни дорувориро бо нархи даҳчанд гарон ба фурӯш мегузоранд.

Ба иттилои манбаъ, зимни амалиёт Ёдгор Бойбобоеви 23 сола сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ба фуруш баровардани лавозимоти тибӣ бо арзиши сунъии болобурдашуда дар дохили автомашинааш-тамғаи “Лексус” дастгир карда шуд.

ВУД мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Бойбобоев воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ як қатор лавозимоти тиббии ба таври худсохт омодашуда, аз қабили 15 600 адад даспушакҳои тиббии рангаш кабуд ва 88 ҳазор дастпушакҳои тиббии рангаш сафед, ки нархи як қуттии он 45 сомонӣ муқарар шудааст, арзиши онро ба таври сунъӣ то 180 сомонӣ боло бурдааст.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Охирин омори CОVID-19 дар Тоҷикистон: 5 фавт ва 293 гирифтор

Ба ин монанд 290 адад ниқоби тиббиро, ки нархи як ададаш 2 сомонӣ тасдиқ шудааст, ба таври сунъӣ боло бурда, бо арзиши 10 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.

Ҳамчунин аз манзили зисти номбурда 59 адад айнаки тиббӣ, 10 ҳазор қутии холӣ бо навиштачоти “Сабр”, барои ҷойгир намудани дастпушакҳои тиббӣ, 50 адад қутии “бахил”, 1000 дона чубчаи тиббии барои маҳлулгирӣ мусодира гардид, ки арзиши маводҳои тиббии мусодирашударо ба таври сунъӣ чандин маротиба боло бурда, ба фурӯш мегузоштааст.

Гуфта мешавад,  дастгиршуда Бойбобоев Ёдгор аз ҳисоби ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти доруворӣ ва фоидаи муфт бадастовардааш дар як муддати кутоҳ, ду автомашинаи гаронарзиши хориҷии тамғаи “Лексус RX-350”-ро харидорӣ намудааст.

ВКД мегӯяд, ӯ ҳамчунин ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидаасту уро ҳамчун “Ҳоҷиёдгор” эҳтиром мекарданд, дар моҳи шарифи Рамазон ба ҷои дасти ёрӣ ба чунин амал даст задааст.

Дар идомаи амалиёт ҳамчунин Алиев Файзуллоро, ки ҳангоми ба фурӯш баровардани доруи “Арбидол”, ки нархи як капсулаи он 40 сомонӣ муқарар шудааст, арзиши онро ба таври сунъӣ боло бурда, дар вақти фурӯш бо нархи 250 сомонӣ дастгир карда шуд. Ғайр аз ин номбурда 91 адад ниқоби дуфилтраи 20 сомонӣ арзишдоштаро 40 сомонӣ ва 19 адад хилати тиббии 110 сомонӣ арзишдоштаро 220 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.

Ҳамчунин дар доираи амалиёт кормандони милитсия дар ду ҳолат аз дорухонаҳои ҶДММ “Ориёнфарм” ва ҶСП “Азиз-вако” дар маҷмуъ 95 капсулаи “Арбидол”, миқдори зиёди дорувориҳои “Батферон”, “Анаферон” ва “Сиклоферон”-ро мусодира карданд, ки нисбат ба арзиши аслияшон чанд маротиба боло буда, ба фурӯш гузошта мешуданд.

ВУД мегӯяд, нисбат ба нафароне, ки даст ба қонуншиканӣ заданд, маводҳо барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0