Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сардухтур: харид ва захираи пешакии антибиотикҳо кори нодуруст аст

CC0 / Pixabay / Таблетки, архивное фото
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран бо пайдо шудани бемории  коронавирус дар Тоҷикистон, шаҳрвандони зиёд на танҳо антисептикҳо ва ниқобҳо, балки  доруҳои зиддивирусӣ  ва антибиотикҳои  зиёди пуртаъсирро низ аз дорухонаҳо мехаранд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Сардухтури муассисаи давлатии «Беморхонаи  касалиҳои сирояткунандаи  шаҳрии кӯдакон»  Мунира Каримова гуфт харид ва захираи пешакии антибиотикҳо кори нодуруст аст.

Врач в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оҳангсоз Фарҳод Зикир гирифтори коронавирус шуд

"Ҳеҷ гуна зарурат вуҷуд надорад, ки мо пешакӣ  доруҳои зиддивирусӣ  ва антибиотикҳоро харида, захира намоем. Ин  кори нодуруст аст. Дар ҳар як хона бояд маҷмӯи доруҳои кумаки аввал нигоҳ  дошта шавад",- мегӯяд АМИТ "Ховар" аз қавли сардухтури муассисаи давлатии «Беморхонаи  касалиҳои сирояткунандаи  шаҳрии кӯдакон»  Мунира Каримова.

Бояд зикр кард, ки бо пайдо шудани бемории  коронавирус дар Тоҷикистон, шаҳрвандони зиёд на танҳо антисептикҳо ва ниқобҳо, балки  доруҳои зиддивирусӣ  ва антибиотикҳои  пуртаъсирро низ аз дорухонаҳо мехаранд. Баъзе кормандони бевиҷдони дорухонаҳо аз ин ҳолат истифода  бурда, нархи чунин доруҳоро бамаротиб баланд бардоштаанд.

Илова бар ин, одамон бо чунин амали хеш ба шахсони воқеан ниёзманд  норасоии доруҳои номбурдаро эҷод мекунанд.

"Гузашта аз ин, ба ҳеҷ ваҷҳ бе ташхиси табиб ва дорухати  ӯ  аз чунин давоҳо набояд истифода намуд.  Ин на танҳо  фоида  намерасонад, балки ба ҷисми солим зиён низ меоварад",- афзуд мутахассис

Табиб тавсия дод, ки  имрӯз одамон дар мадди аввал бояд бо роҳи табиӣ масунияти худро  сироятнопазир намоянд. Яъне, ҳамарӯза истеъмоли ғизои солим, инчунин  меваҷот ва сабзавот муҳим аст. Ҳамзамон меъёри ҳаррӯза нӯшидани оби соф низ набояд фаромӯш гардад.

Коронавирус бемории хосе ҳаст, ки онро бояд табибони соҳибтаҷриба  табобат кунанд.

Мунира Каримова инчунин зикр намуд, ки айни замон риоя  кардани қоидаҳои оддӣ- нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, гигиенаи  шахсӣ ва мувофиқи имкон нарафтан ба  ҷойҳои ҷамъиятӣ  хеле муҳим аст.

"Дар сурати пайдо шудани аломатҳои беморӣ, аз ҷумла, вараҷа, сулфа фавран ба  табибони марказҳои саломатии ҷойи зист  бояд муроҷиат намуд",-  гуфт табиб.

Лентаи хабарҳо
0