ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Бино ба ин манбаъ, теъдоди гирифторони коронавирус дар кишвар имрӯз ба 293 нафар расидааст, ки нисбат ба рӯзи гузашта 63 ҳолат афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, имрӯ ҳамчунин 2 нафари дигар аз ин беморӣ фавтидаанд, ки дар умум теъдоди ҷондодагон ба панҷ нафар мерасад.
Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба коронавирусро 29 апрел эълон карда буд.
Он рӯз дар кишвар 15 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.
Аммо вазорат омори гирифторон дар шаҳру вилоятҳои кишварро нагуфтааст.
Манбаъ мегӯяд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.