ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон шаби дирӯз аз Вашингтон ба ватан бозгардонида шуданд, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
Хатсайри вижа бо ибтикори Шӯрои давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дастгирии сафорати Тоҷикистон дар ИМА роҳандозӣ шудааст.
Миёни бозгаштагон донишҷӯён низ буданд, ки дар паи паҳншавии коронавирус дар ИМА дармонда буданд.
"Ба хотири чораҳои пешгирикунанда шаҳрвандони бозгаштаро ба муҳлати ду ҳафта - 14 рӯз дар қарантина нигоҳ медоранд", - омадааст дар хабарнома.
Интизор меравад, ки тариқи ин хатсайр, шаҳрвандони ИМА, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд ба ватанашон интиқол дода шаванд.
Ёдрас мешавем, ки пас аз эълом шудани бемории сироятии коронавирус - ҳамчун пандемия, аксари кишварҳои ҷаҳон сарҳадҳои худро баста, парвозҳои байналмилалиро қатъ карданд.
Дар ин росто, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла донишҷӯён дар ҳар гӯшаю канори дунё дармондаанд ва наметавонанд ба ватан баргарданд.