Даъвати Икромӣ аз кормандони бонкҳо: маоши якрӯзаатонро барои мубориза бо CОVID-19 диҳед

© Амир ИсаевГлава "Амонатбанка" Сироджиддин Икроми
Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Икромӣ, раиси Бонки давлаии “Амонатбонк” аз кулли кормандони умури бонкии кишвар даъват кардааст, ки маоши якрӯзаашонро ба ҳисоби махсуси дастгирии беморону табибон дар мубориза ба вабои COVID-19 гузаронанд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии “Амонатбонк”,  Сироҷиддин Икромӣ ин нуктаро зимни як муроҷиатнома ба кормандони бонк изҳор дошта, маоши якмоҳаашро ба фонди мубориза ба COVID-19 гузаронид.

Президент клуба Истиклол Душанбе Шохрух Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳрух Саидзода маоши яксолаи худро барои мубориза бо COVID - 19 дод

Раиси “Амонатбонк” аз мизоҷони бон даъват кардааст, ки барои бехатарии худ ва атрофиён аз хизматрасониҳои Амонат Онлайн  ва СМС-паёмак ба таври васеъ истифода баранд. 

Ёдовар мешавем Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон, аз вуҷуди маризии коронавирус дар кишвар 30 апрез хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, 29-уми апрели соли 2020 - 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст. 

Бар пояи оморҳои рӯзи гузашта 4 май бошад, теъдоди мубталоёни коронавирус дар кишвар ба 230 нафар расида, се тан ҳалок шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0