Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Шоҳрух Саидзода маоши яксолаи худро барои мубориза бо COVID - 19 дод

© Facebook / FC Istiklol DushanbeПрезидент клуба "Истиклол" Душанбе Шохрух Саидзода
Президент клуба Истиклол Душанбе Шохрух Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоҳрух Саидзода - президенти клуби "Истиқлол" - и Душанбе моҳонаи яксолаи худро барои мубориза бо коронавирус ҳазина кард

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Раҳбари клуби "Истиқлол" - и Душанбе Шоҳрух Саидзода маблағи худро ба бунёде, ки барои мубориза бо коронавирус таъсис шудааст, фиристод.

Дар ин бора, дар саҳифаи расмии тими "Истиқлол" дар Facebook хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки иқдоми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дастгирӣ намуда, президенти клуби "Истиқлол" - и Душанбе аз гирифтани музди яксолаи худ дар клуб даст кашида онро барои мубориза бо коронавирус ҳазина кард.

Сотрудник здравоохранения в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки Бунёди Оқохон барои мубориза бо COVID - 19 дар Тоҷикистон - аксҳо

Сулаймонзода ҳам маоши як моҳаашро супурд: моҳонаи раисон чанд сомонӣ аст?

Ёдрас мешавем, ки то имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва тобеинаш, раҳбарити Вазорати саноат ва дигар вазоратҳои кишвар маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, таҳвил доданд.

Ёдрас мешавем, ки то 4 майи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид.

Ҳамзамон 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0