Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вазорати маориф ба хонандагону донишҷӯён: аз гаштугузор дар кӯча худдорӣ кунед

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маорифи Тоҷикистон барои ҷилавгирирӣ аз сироятёбӣ ба хонанадагону донишҷӯёни кишвар тавсияҳо додааст

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Масъулини вазорати маориф аз тамоми хонандагону донишҷӯён хоҳиш кардааст, ки дар кӯчаҳо гаштугузор накунанд ва аз суҳбатҳои сарироҳиву ба хонаҳои ҳамсифону дӯстон рафтан муваққатан худдорӣ намоянд, иттилоъ додааст дафтари маӣтбуоти вазорат.

ТВ Таджикистан обьявил о коронавирусе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
COVID -19 дар ҶТ: ниқоб ҳатмӣ, донишҷӯён таътил, гузориши махсуси телевизионӣ - видео

Вазорат таъкид доштааст, ки ин ба манфиати худи хонандагону донишҷӯён, наздикони онҳо ва дигарон аст.  

Вазорат хотиррасон шудааст, ки дар давраи таътили ғайринавбатӣ тамоми китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд ва хонандугону донишҷӯён метавонанд, ба китобҳои бадеӣ ва таълимию илмӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Инчунин масъулини вазорат таъкид доштанд, ки кормандони соҳа, роҳбарони синфҳо, омӯзгороне, ки аз вазъ ва шароити хонандагон дидан мекунанд, дар давраи таътил омӯзишро тавассути телевизиони кӯдакон ва наврасони “Баҳористон”, мустақилона бо ёрии калонсолони аъзои оила, тавассути алоқаи электронӣ бо омӯзгорон ва ҳамсинфон ва дигар имкониятҳо ба роҳ монда, барои худ шуғли муфидро интихоб намоянд.

Ҳамзамон вазорати маориф аз падару модар ва калонсолони аъзои оила хоҳиш кардааст, ки барои кӯдакону наврасон дар хона шуғли муайян, аз қабили ба корҳои хонагӣ (пухту паз, тоза намудани хона, ҳавлӣ ва гирду аторофи он, ҳамкорӣ ва расонидани ёрӣ ба дигар аъзои оила) машғул шудан, омӯхтани ҳунарҳои гуногун, варзиш дар шароити хона, инчунин, ба китобхонӣ машғул шуда, аз шабакаҳои телевизионии ба синну сол мувофиқ дидан намуда, дар доираи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба хондани адабиёти бадеӣ машғул шаванд.

Лентаи хабарҳо
0