Бино ба гузориши телевизиони Тоҷикистон, ин хабар дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии "вируси корона" ё COVID-19, ки имрӯз таҳти раҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва ҳам раиси ин Ситод баргузор шуд, зикр шудааст.
"Дар кишвар 15 ҳолати гирифторӣ ба "вируси корона" - 10 маврид дар шаҳри Хуҷанд ва 5 маврид дар шаҳри Душанбе сабт шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-уми апрели соли 2020 - 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст.
Ба ҳамин минвол, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ( CОVID-19) дар Тоҷикистон мавҷудияти бемории сироятиро расман тасдиқ ва эълон кардааст.
Тибқи иттилои расмӣ, аз 1 феврал то субҳи 30 апрели соли 2020 дар Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8438 нафар дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.
Феълан дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор доранд ва 29 апрели соли 2020 аз муассисаҳои тиббӣ 304 нафар ҷавоб дода шудаанд.
Ҳамчунин бино бар қарори ситоди ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни курсҳои 1 то 3 донишгоҳҳои кишвар аз 4 майи соли равон ба таътил фиристода шуданд.
"Имтиҳоноти ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст карда мешаванд. Барои хатмкунандагони донишгоҳҳо бошад муҳлати супоридани имтиҳоноти давлатӣ то 15 май муқаррар шудааст", - омадааст дар гузориш.
Дар баробари ин ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, барои истифодаи ҳатмии ниқоб қарори дахлдор қабул кард.