ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Калиди суботи бозори молия маҷмӯи ду омил хоҳад буд, мегӯяд коршиноси рус Михаил Зелтсер.
Аз як тараф, меъёрҳои шадиди ҷудосозии иҷтимоиву сиёсӣ, ки паҳншавии коронавирус ва динамикаи маргу мирро дар натиҷаи ин беморӣ коҳиш медиҳанд, нақш хоҳанд бозид.
"Ин омил коҳиши бори соҳаи тандурустиро низ таъмин мекунад ва барқароршавии сареи эътимоди истеъмолкунандагону фаъолнокии истеҳсолиро пешбинӣ менамояд", - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи вай, омили дувум нигаҳдории сиёсати нарми мақомотҳои молияи пуливу молӣ аст.
Иқтисодшинос таъкид кард, ки ба туфайли паст кардани меъёри фоизи қарз дар кишварҳои зиёде нақдинагии бозор таъмин гашт.
"Маҷмуи чораҷӯиҳои санҷидаи абарқудратҳои ҷаҳонӣ аллакай моҳҳои наздик натиҷа хоҳад дод, ки дар коҳиши маҳдудиятҳо ва оғози раванди дурударози барқароршавии иқтисоди миллӣ саҳмгузормегардад", - қайд мекунад Зелтсер.
Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард
Коршинос пешбинӣ менамояд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бояд роҳи "W-шакл"-и барқароршавиро гузарад. Ба гуфтаи вай, пас аз коҳиши якбораи талаботи истеъмолкунандагон дар чормоҳаи аввал, таназзули иқтидори истеҳсолӣ ба миён меояд.
"Модулҳои макроэкономикӣ ба эътидол омадани вазъро ба охири чормоҳаи севуми соли 2020 рабт медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, бозори молия, ки шохиси аслии иқтисоди воқеӣ аст, метавонад интизороти зиёди тасбити пеш аз мӯҳлатро ба бор орад", - гуфт ӯ.
Коршинос таъкид кард, ки ба арзиши рубл динамикаи ҳаракати сармоягузории ҷаҳонӣ, арзиши нафт ва фулузот ва хатари таҳримҳо бетаъсир намемонанд.
Дар ҳамин ҳол, Зелтсер мегӯяд, ки иқтисодшиносон ба устувории нисбии қурби рубл умед мебанданд.
"Интизории зуд паси сар кардани давраи тезутунди бӯҳрони ҷаҳонӣ, боиси афзоиши иштиҳо ба дороиҳои хатарнок хоҳад шуд, ки рубл ҳам ба он дохил мешавад", - таъкид мекунад коршинос.
Бино бар пешбинии иқтисодшинос, тобистон арзиши доллар 70 рублро ташкил хоҳад дод. Агар омад кунад, ин нишондод то 67 рубл мерасад.
Дар навбати худ, арзиши евро дар чормоҳаи дувуми соли 2020 аз 75 то 77 рубл хоҳад шуд.