Ду сокини Норак барои дуздии маҳсулоти хӯрокворӣ боздошт шуданад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкСледственный изолятор, архивное фото
Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини 19 - солаи шаҳри Норак хабар медиҳад, ки дар дуздии маҳсулоти хӯрокворӣ даст доштанд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Норак дар асоси аризаи шикоятии сокини маҳаллӣ ду ҷавони 19 - соларо бо гумонии ғоратгарӣ боздошт намуданд.

Продажа украшений. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти хоҳарон ва духтар барои ғоратаи мағозаи тилло: аз Ҳисор ба Панҷакент барои дуздӣ
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба ШВУД дар шаҳри Норак бо ариза ҷавони 25-солаи сокини кӯчаи Р.Шодиеви шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 27 ба 28-уми феврали соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш даромада, аз он ҷо маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

"Домод ҳангоми никоҳ дуздӣ кард": боздошти Расулов-видео

Ба изҳори соҳибкор зарари расонидашуда 4 ҳазору 789 - сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, кормандони милитсия ду ҷавони 19-солаи сокинони ҳамин шаҳрро ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир намуданд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, айни замон гумонбаршавандагон дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0