ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар бораи ҷудо шудани 6,5 миллион сомонӣ, зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти коронавирус иттилоъ дода шуд.
Тибқи иттилои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Фаррух Мақсудзода аллакай бо харҷи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маҳлулҳои безараркунанда, ниқобҳои махсуси тиббӣ антисептикҳо харидорӣ карда шуд.
Манбаъ афзуд, ҳамзамон ба маблағи 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ аз қабили ИВЭ, кардиомонитор, корҷомаҳои тиббӣ, пулси оксиметрӣ ва 40 намуди доруворӣ харидорӣ гардидааст.
Котиботи раиси Суғд, илова намуд, ки айни замон баҳри тақвият бахшидани корҳои пешгирикунанда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст.
Манбаъ таъкид намудаст, ки то ба имрӯз дар Тоҷикистон бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳадаф аз тақвияти корҳои пешгирикунанда пеш аз ҳама ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ маҳсуб меёбад, илова намуд котиботи раиси Суғд.