Панҷоҳ ҷой барои қарантина: омодагии шаҳри Гулистон барои пешгирӣ аз коронавирус

© Sputnik / Алексей СухоруковВрач в палате, архивное фото
Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини ҳукумати шаҳри Гулистон бо баргузории як ҷаласа ҳолати омодагӣ ба пешгирии коронавирусро мавриди муҳокима қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Тавре сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Гулистон хабар медиҳад, ин ҷаласа баъд аз супориши фаврии раисиҷумҳур дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуда ва дар кори он Савзаалӣ Назирзода, директори Агентии таъминоти амволи махсус ҳам иштирок карда дар кори он, мавӯи хатари мураккабсозии коронавирус дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид шудааст.

Женщина на больничной койке в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ: 4 кас аз илтиҳоби шуш фавтид, вазъи чанд нафари дигар вахим аст

Аз фишорбаландӣ то илтиҳоби шуш: омори фавтҳо дар беморхонаҳои Суғд

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Гулистон зикр намудааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии вируси корона ё COVID – 19, дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои тобеи он корҳои зиддиэпидемикӣ ва омодагӣ ба роҳ монда шудааст.

Барои карантинкунӣ ҷой дорем: масъулини Суғд аз имконияти муассисаҳои тиббӣ гуфтанд

“Муассисаҳои тандурустӣ бо дорувории зиддивирусӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, пойпӯшҳо, сарпӯшҳо, дастпӯшакҳои яккарата, маводҳои безараргардонӣ зина ба зина то ин вақт таъмин шуда истодаанд. Гурӯҳҳои мобилии сироятию эпидемиологӣ, гурӯҳҳои махсусгардонидашудаи ёрии тиббии гуногунсоҳа, таҷҳизоти нафаси сунъӣ барои табобати интенсивӣ ва нақлиёти санитарӣ барои интиқоли беморон дар ҳолати омодабош қарор дорад”, - гуфтааст Шарифзода.

Дар ин ҷаласа таъкид шудааст, ки дар беморхонаи марказии шаҳр, барои қарантинаи 50 нафар ҷой дуруст карда шуда, ҳамчунин, аз ҷониби масъулин барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо, корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳо гузаронида шуда, гаштугузори хона ба хона ба роҳ монда шудааст.

Медицинский персонал перемещает тела из медицинского центра Wyckoff Heights в рефрижератор в Бруклине, Нью-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
СҶБ: дар Тоҷикистон коронавирус нест, аммо дар дигар кишварҳои ИДМ сироятёбӣ авҷ дорад

 Ахиран рӯзи 17-уми апрел иҷлосияи аввалини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии 10 масъала, аз ҷумла дар бораи интихоби Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба сифати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва дар кори он раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд.

Коронавирус зери назорат аст: мақомоти Суғд дақиқ гуфт чанд нафар дар карантин ҳастанд

Дар кори ин ҷаласа раисиҷумҳур суханронӣ карда, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла “вабои аср”- коронавирус ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ба масъулини ҳукумат дастуру супоришҳо дод.

Лентаи хабарҳо
0