Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ: дар Тоҷикистон коронавирус нест, аммо дар дигар кишварҳои ИДМ сироятёбӣ авҷ дорад

© AFP 2023 / Angela WeissМедицинский персонал перемещает тела из медицинского центра Wyckoff Heights в рефрижератор в Бруклине, Нью-Йорк
Медицинский персонал перемещает тела из медицинского центра Wyckoff Heights в рефрижератор в Бруклине, Нью-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Қазоқистон шумораи нафарони гирифтор ба коронавирус 30 нафар зиёд шуда, шумори умумии гирифторон ба ин вирус ба 2 025 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Бино бар иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) шумори нафарони шифоёфта дар Қазоқистон 489 нафарро ташкил медиҳад, аммо шумори фавтидагон ба 19 тан расидааст.

Вид на Дворец президента в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар онҳо коронавирус нест: Вазорат охирин омори қарантиншудагонро дар Тоҷикистон гуфт

Ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ имрӯз шумораи мубталоён мутаносибан 14 ва 22 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ 1 692 ва 612 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 357 нафарро ташкил дода, 6 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 254 нафар табобат шуда, 7 кас фавтидаанд.

Миёни кишварҳои узви ИДМ дар Русия, ки дар ҷаҳон аз рӯи шумораи сирояётфтагон дар ҷойи 10-ум қарор дорад, 52 763 нафар ба коронавирус мубтало шуда, аз онҳо 3 873 кас шифо ёфтаанд ва 456 тан фавтидаанд.

Дар Беларус ва Украина, мутаносибан 6 723 ва 6 125 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 55 нафар фавтида ва 577 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 161 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 367 нафар табобат шуда, ба манзили зист баргаштанд.

Дар Молдова 2 614 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 505 нафар шифо ёфтаанд ва 72 каси дигар вафот кардаанд.

Шумораи гирифторон ба коронавирус дар Арманистон 1 401 нафар ва дар Озарбойҷон 1 480 кас мебошад. Дар Арманистон 609 нафар ва дар Озарбойҷон 865 кас табобат шудаанд. Дар ин ду давлат мутаносибан 24 ва 20 нафар фавтидаанд.

Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз авҷи коронавирус дар се кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон хабар дод

Созмони ҷаҳонии беҳдошт қайд кардааст, ки миёни кишварҳои узви  ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Афғонистон, ки ба Тоҷикистон марзи муштарак дорад, шумораи мубталоён ба коронавирус 1 092 нафарро ташкил медиҳад, ки 150 нафари онҳо шифо ёфта, 36 тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 557 ҳазору 837 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 177 ҳазору 674 нафар вафот карда, 695 ҳазору 262 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 253 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0