Вазорати тандурустӣ: 4 кас аз илтиҳоби шуш фавтид, вазъи чанд нафари дигар вахим аст

CC0 / Pixabay / Женщина на больничной койке в больнице
Женщина на больничной койке в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид дошт, нафароне, ки имрӯз дар Маркази солимии №1-и шаҳри Душанбе фавтиданд, ба бемории коронавирус гирифтор набуданд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки имрӯз дар Маркази солимии №1 (воқеъ дар маҳаллаи 1-ум Советский)-и шаҳри Душанбе якбора 4 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд.

Медицинский персонал перемещает тела из медицинского центра Wyckoff Heights в рефрижератор в Бруклине, Нью-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
СҶБ: дар Тоҷикистон коронавирус нест, аммо дар дигар кишварҳои ИДМ сироятёбӣ авҷ дорад

“Ҳақиқатан, имрӯз чаҳор нафар беморон дар ин бемористон аз илтиҳоби шуш фавтиданд. Синни нафароне, ки ҷон бохтанд аз 60-сола болост. Ҳамаи онҳо марданд. Онҳо гирифтори коронавирус набуданд”, - гуфт вазорат.

Ҳамзамон манбаъ қайд кард, ки дар ин беморхона вазъи чанд нафари дигар вахим аст.  

Вазорати тандурусти гуфт, дар ҳоли ҳозир, тамоми бемороне, ки илтиҳоби шуш  доранд маҳз ба ҳамин беморхона интиқол дода мешаванд.

Манбаъ афзуд, айни замон беш аз 100 нафар бо илтиҳоби шуш дар ин беморхона бистарӣ шудааст.

“Мо ба ин беморхона нафаронеро интиқол медиҳем, ки вазъи саломатиашон нисбатан сангинтар аст. Бемороне, ки вазъи саломатиашон беҳтар, дар хона табобат мегиранд”, - таъкид дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш Шодихон Ҷамшед , муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷаласаи ситоди пешгирии коронавирус гуфта буд, ки бино бар вазъи номусоиди ҳаво дар Тоҷикистон якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида мерасад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии кишвар, соли гузашта шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш 12 ҳазору 802 нафарро ташкил дода буд.

Лентаи хабарҳо
0