Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Масъули Кумитаи дин: "Агар масҷидҳо баста шуданд, ҳангома насозед!”

© Комитет по религии РТАбдугаффор Юсуфов сотрудник комитет по делам религии
Абдугаффор Юсуфов сотрудник комитет по делам религии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон баста шудани масҷидҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз маризии “вируси тоҷдор” – ро ба нафъи мусалмон ҳисобида, аз мардум хостааст аз ин тасмим ҳангома насозанд

 ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Абдуғаффор Юсуфов, сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз ҳатто масоҷиди мӯътабартарини олами ислом, назири Масҷид ул-ҳаром, Масҷиди Набавӣ, Масҷиди Ақсо баста шуда, ҳатто тавофи Каъба номумкин шудааст.

“Муфтиҳои Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия, Тотористон ва кишвари ҳамсояи мо Ӯзбекистон фатво доданд, ки дар моҳи мубораки Рамазон мардум бояд дар хонаҳояшон ибодат кунанд, хондани намози таровеҳ дар масҷидҳо ва ҳам баргузор намудани ифторҳо дар замони шуюъи “вируси тоҷдор” хатар ба ҷони инсонҳост”, - гуфт Абдуғаффор Юсуфов.
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Саидмукаррам Абдулқодирзода: эҳтимол дорад дар моҳи Рамазон масҷидҳо баста шаванд

Муфтии Ӯзбекистон ба мардум гуфтааст, ки ин тасмими муштараки шӯроҳои уламои исломии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошад ва бояд мусулмонон ба он итоат намуда, худу хонаводаҳояшонро аз ин вируси марговар эҳтиёт намоянд, афзуд ӯ.

Изҳориназари масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи гузашта Шӯрои уламои Тоҷикистон як матнеро ба имомхатибон ирсол намуда, тавсия дод, то дар хонаҳои худ намоз гузоранд, аммо ин кумита гуфт, дари масоҷид баста нахоҳанд шуд.

Ҷолиб ин таъкиди имомхатибон ба намозгузорон буд, ки дар амри маъруфи худ гуфтанд, масҷид аз ҷиҳати сирояти “вируси тоҷдор” ҷои аз ҳама осебпазиртарин мебошад ва панҷ маротиба пеш аз намоз ва баъд аз он пурра дезинфексия кардани бинои масҷид, таҳоратхона ва гирду атрофи он, инчунин назорати пӯшидани ниқоб мушкил ва ғайримумкин аст.

Масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта дар Тоҷикистон ҳанӯз 4 март баста шуданд, замоне, ки дар кишварҳои ҳамсоя, назири Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон боз буданд. Вазорати тандурустии кишвар вазъи беҳдоштии масҷидҳоро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, зарурати зиддиуфунӣ кардани онҳоро маслиҳат дида буд.

Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Абдулқодирзода гуфт, киҳо бояд ба масҷид нараванд: "гунаҳкор мешаванд"

19 март Кумитаи дини Тоҷикистон эълон кард, ки корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ кардани масоҷид анҷом шуда, шурӯъ аз рӯзи ҷумъаи 20 март намозгузорон метавонанд барои адои намозҳои ҷамоат ба масҷидҳо раванд. Ин замоне буд, ки давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон - Чин, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дари масҷидҳоро баста буданд.

Ҳам дар мавриди бастан ва ҳам боз кардани масоҷид иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо мақомоти Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода буданд, ки дар як замони номусоид дари онҳоро баста ва дар як шароити ногувор боз кардаанд. Абдуғаффор Юсуфов бо ишора ба ин мавзуъ гуфт, баста шудани масоҷид набояд мавриди сӯистифодаи афроду гурӯҳҳои ҳангомаҷӯ шавад ва яке барои худ обрӯ созаду дигарӣ манбаи даромад ҷӯяд.

Бигӯ, дӯстат дорам! Муфтӣ Абдулқодирзода дар бораи хиёнати занони муҳоҷирин

“Ҳамд ва сипоси беҳад Парвардигори оламиёнро, ки имрӯзҳо бори дигар раҳмати бемунтаҳои хешро нисори мардуми мо кардааст ва хушбахтона, миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Мо бояд аз ин ҷиҳат ҳамеша шукргузор бошем, аммо набояд фаромӯш кард, ки дар ин замони ҳассос як беаҳамиятӣ ё бемасъулиятӣ метавонад ҷони ҳазорон шаҳрванди моро низ ба хатар андозад”, - гуфт сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин.

Ҳам Шӯрои уламо ва ҳам ин масъули Кумитаи дин бар зарурати хондани намоз дар хона таъкид мекунанд, аммо равшан намегӯянд, ки оё масоҷиди Тоҷикистон дигарбора баста хоҳанд шуд? Абдуғаффор Юсуфов дар посух ба ин суол гуфт, дар чунин вазъияти ҳасос ҳар тасмиме метавонад аз сӯи ниҳодҳои зидахл, аз ҷумла Шӯрои уламои исломӣ, гирифта шавад, аммо муҳим ин аст, ки мардум омодаи пазириши бидуни воҳимаву изтироби он бошанд.

Омори нави коронавирус: беш аз ним миллион кас шифо ёфтанд

Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон моҳи Рамазон шурӯъ мешавад ва аз пеш омадани вазъу тасмими мақомот дар баробари он вобаста хоҳад буд, ки намозгузорони кишвар намозҳои ҷомеъ, таровиҳу ифтори худро барпо хоҳанд кард ё хайр.

Лентаи хабарҳо
0