Саидмукаррам Абдулқодирзода: эҳтимол дорад дар моҳи Рамазон масҷидҳо баста шаванд

© Sputnik / Амир ИсаевСаидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон эълон кард, ки дар сурати таҳдиди хатар эҳтимоли баста шудани масҷидҳои кишвар вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт,  феълан масҷидҳои кишвар фаъолият доранд ва ҳеҷ омил барои баста шудани онҳо вуҷуд надорад.

Аммо вай таъкид дошт, ки агар хатаре ба Тоҷикистон таҳдид кунад эҳтимол дорад, масҷидҳои кишвар баста шаванд.

“Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ҷуз Тоҷикистон ҳоло тамоми масҷидҳо баста шадуаанд. Агар коронавирус ба Тоҷикистон хатаре ворид кунад дар он сурат Шӯрои уламо дар бораи баста шудани масҷидҳо тасмим хоҳад гирифт. Дар сурати хатар Шӯрои уламо дар бораи ба як муҳлати муайян баста шудани масҷидҳо қарор қабул хоҳад кард”, гуфт муфтӣ.

Абдулқодирзода илова кард, ки дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон ҳеҷ хатаре таҳдид накардааст, аммо агар хатаре таҳдид кунад дар рӯзҳои наздик Шӯрои уламо чораҳои зарурӣ меандешад.

Саидмукаррам Абдулкодирзода  - Sputnik Тоҷикистон
Муфтии Тоҷикистон гуфт, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо чӣ масъалаҳо баррасӣ мешаванд

Вай афзуд, мо бояд  тамоми чораҳои эҳтиётӣ андешем, то мубтало ба ин беморӣ нашаванд.

“Мо бояд тамоми эҳтиётмона бигирем то мубтало ба ин беморӣ нашавем. Мо ҳамеша масҷидҳоро дуруву безарар мекунем. Ҳамчунин ба намозгузорон тавсияву насиҳатҳо мекунем, ки ба масҷидҳо бо ниқобҳои тиббӣ ҳозир шаванд. Аз шахсони солхурда хоҳиш мекунем, ба насҷид наоянд ва намозҳояшонро дар хона бихонанд. Ин ҳама барои саломатии онҳост, то ин ки эҳтиёт кунанд, чунки шахсони солхӯрда бисёр осебпазиранд. Мо ҳамеша ба мардум мегӯем, ки бе зарурат ба ҷойҳои серодам нараванд” – гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Дар ҳамин ҳол, муфтӣ зикр кард, ки ҷаласаи навбатии Шӯро санаи 21 апрели соли равон баргуззор шуда, дар он чанд масъалаи муҳим аз ҷумла масоили паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ва кишварҳои ҳамсоя баррасӣ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0