Абдулқодирзода гуфт, киҳо бояд ба масҷид нараванд: "гунаҳкор мешаванд"

© Sputnik / Амир ИсаевМуфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода
Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар пасманзари хуруҷи пандемияи коронавирус бо нашри як мақола аз афроде гуфтааст, ки бояд ба масҷид нараванд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik.  Абдулқодирзода аҳамияти тозагию покиро аз нуқтаи назари шариати Ислом шарҳ дода, таъкид намудаст, ки мавзӯи таҳорат ва покӣ дар 32 ҷои Қуръони карим зикр гардидааст.

Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Имомхатибон: "Дар хона намоз гузоред!" Кумитаи дин: "Дари масоҷид боз хоҳанд монд!"

Намоз ҳам, ки меъроҷи рӯҳӣ, тулӯъгоҳи маънавӣ  ва шоҳсутуни дини муъмин аст, танҳо ва танҳо бо покизагӣ  дуруст мегардад, навиштааст раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мақолааш дар “Ховар”.

Ӯ аз Пайғамбари Ислом (с) иқтибос овард, ки фармудааст “касе, ки сир ё пиёз хӯрда бошад, аз ҷамоати мо дурӣ биҷӯяд” ва манбаъро ривояти Бухорӣ ва Муслим нишон додааст.

“Албатта, ин маънии онро надорад, ки Ислом истеъмоли сир ва пиёзро манъ кардааст. Сухан танҳо аз бӯе  меравад, ки баъди истеъмоли ин ҳарду аз даҳони кас хориҷ мешавад ва атрофиёнро  нороҳат мекунад”, - омадааст дар матлаб.

Саидмукаррам Абдулқодирзода таъкид кардааст, “бинобар ин, касоне, ки эҳсоси таб мекунанд, ҳарорати бадан, сӯзиши гулӯ ва димоғ доранд, бояст то сиҳат ёфтан аз ҷамоати масҷид ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам дурӣ биҷӯянд”.

Ӯ далел овардааст, дар сурате ки Пайғамбар (с) касонеро, ки сирпиёз ё хӯрокҳои дорои бӯи нороҳаткунанда хӯрда бошанд, ба дурӣ ҷустан тавсия додаанд, пас воҷиби имонӣ ва масъулияти диндорӣ аст, ки нафарони дорои таби баланд ва сӯзиши гулӯ ё димоғ аз намози ҷамоат ва ҷойҳои серодам канора гиранд, дар акси ҳол, ҳамчунон ки аз ҳадис бармеояд, нафари риоянакунанда осӣ ва гунаҳкор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0