Тавсияи Рамазон Қодиров: сирпиёз хӯред ва аз коронавирус натарсед

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар пасманзари ваҳми шаҳрвандони ин минтақа аз маризии коронавирус, афзудааст, ки бештар сирпиёз истеъмол кунанд ва аз коронавирус натарсанд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Рамазон Қодиров зимни як ҷаласа бо фаъолони минтақа аз тарсу ваҳми мардум дар мавриди маризии коронавирус сӯҳбат кард.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
"Худо раҳмат кунад": ҳамдардии Рамазон Қодиров бо Шавкат Мирзиёев

Ба изҳори раисҷумҳури Чеченистон, ҳамаи инсонҳо муранда ҳастанд ва ҳеҷ нафаре дар ин дунё абадӣ намемонад.

"Ҳамагон аз он бим доранд, ки ба маризии коронавирус мубтало мешаванд ва мефавтанд. Натарсед, шумо ин хел намефавтед. Одами солим бар ин маризӣ пирӯз мешавад", - афзудааст ӯ.

Рамазон Қодиров муваққатан аз вазифааш даст кашид

Қодиров тавися додааст, ки бештар сирпиёзро истеъмол кунанд, ва ба коронавирус мубтало намешаванд.

Ҳамчунин раисҷумҳури Чеченистон маслиҳат додааст, ки асалро бо оби гарм омехта ҳар рӯз нӯшанд, то масуният қавӣ шуда, ҳеҷ беморӣ одамро аз пой намеафтонад.

Бояд гуфт, ки дар Чеченистон то имрӯз фавти се нафар аз маризии коронавирус сабт гардидааст, ки ҳар се қурбонӣ куҳансол буданд.

Лентаи хабарҳо
0