Коронавирус аз зовияи таърих: аз ёддоштҳои Айнӣ то даъватҳои Шодихон Ҷамшед

© Sputnik / Я. Босин / Гузариш ба медиабонкЗимний дворец эмира Бухарского
Зимний дворец эмира Бухарского - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ чаҳор маротиба ба сухан пардохт ва ҳар чаҳор дафъа боз сари ин нукта бозгашт, ки мубориза бо “вируси тоҷдор” бидуни ширкати фаъоли рӯзноманигорон ғайриимкон аст

ДУШАНБЕ, 7 март – Фахриддин Холбек, Sputnik. Ҳарчанд суол аз мактабу масҷид буд, ё ҷилави сухан ба ниқобҳои тиббиву сармояи ихтисосдодаи Бонки ҷаҳонӣ давр хӯрд ва ба тесту диверсияҳои истихбороти хориҷӣ кашиду ҳатто ба либоси хоси ҳамшираҳои шафқат расид, Шодихони Ҷамшед ҳамоно як нуктаро такрор мекард: шумо – рӯзноманигорон бояд фаъол бошед, ба мо кӯмак кунед!

Абдурозик показывает как надо познакомится с девушкой - Sputnik Тоҷикистон
Тавсияи Абдурозиқ барои муолиҷаи коронавирус: "дар ду рӯз гум мешавад" - видео

Ростӣ, вақти нишасти матбуотӣ дуруст мутаваҷҷеҳ нашудам, ки муовини вазир дақиқан аз мо – рӯзноманигорон чӣ мехоҳад. Ба хона омадам, сари компутар нишастам ва сабти нишасти матбуотиро гӯш кардам. Ба ин натиҷа расидам, ки шояд яке аз паёмҳои муҳимтаринеро, ки ин шабу рӯз сари “вируси тоҷдор” садо медиҳанд, ӯ гуфтааст.

“Кишварҳои қудратманд дар оғоз таваҷҷӯҳ накарданд, бубинед ба чӣ ҳол расиданд? Эрон мавориди аввалро фош накард. Вақте кор ба ҷое расид, маҷбур шуд, эълон кунад. Афзоиш дар Эрон аз ҳама баланд аст (35%). Кореяи Ҷанубӣ бо он иқтидори иқтисодӣ оҷиз мондааст. Аз ҳама зиёд фоизи фавт дар Амрикост (6%). Амрико ҳатто дар оғоз бо тестҳои лозимӣ худро таъмин карда натавонист. Ҳатто Чин, ки дар як рӯз 50 миллион ниқоби тиббӣ истеҳсол мекард, ба камбуди он дучор шуд”, - гуфт Шодихони Ҷамшед.

Муовини вазир чӣ мехоҳад бигӯяд? Коронавирус шоҳу гадоро намешиносад

Вай мегӯяд, дар набард бо “вируси тоҷдор” қудрати иқтисодиву имконоти фаровон пирӯзӣ намеорад, чун ин вирус на шоҳро шиносад, на гадоро. 20 вакили мардумӣ ва як муовини вазири Эрон ба доми ин вирус афтодаанд. Валиаҳди Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам гирифтор аст! Вазири корҳои хориҷии Олмон ҳатто аз курсиаш натарсида, дасти хонум Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро нагирифт. Бале, дар як ҷомиаи мутамаддин ҷон ширинтар аз мансаб аст!

Аммо ҳоло ки қадами он бадном ба Тоҷикистон нарасидааст (ягон мавриди “вируси тоҷдор” сабт нашудааст), мо чӣ метавонем кард? Ба қавли муовини вазир, он чӣ бо дигар кишварҳо гузашт, иштибоҳе, ки онҳо содир карданд, аз ҷумла Чину Эрон ва Амрико, дарси хубе барои Тоҷикистон буд.

“Мо он ҳамаро омӯхтем. Ҳоло ҳар коре, ки мекунем, ба хотири ҳамон рӯз аст, ки Худо нокарда, ҳамин вазъ рух диҳад. Ниҳодҳои вазорати тандурустӣ бояд омода бошанд. Аммо муҳимтар эҷоди фарҳанги мардум дар қабул ва мубориза бо ин вирус аст. Тавре бояд кунем, ки дар сурати хуруҷ мардум онро оромона қабул кунад, бе сарусадои зиёдатӣ”, - гуфт Шодихони Ҷамшед.

 Бале, муҳим омодагӣ аст, на қудрати иқтисодӣ. Аммо чӣ метавон кард, ҳарчанд ҳукумат ва расонаҳо ду моҳ ба ин сӯ аз ин вирусу давоҳояш мегӯянд, кофӣ буд дари масҷидҳоро банданду “маршировка” – ҳоро қатъ кунанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба овозаву дарвоза афтода, дари дӯкону мағоза ва бозорҳоро гиранд.

127 сол пеш

Ин ҷо беихтиёр ба ёди Бухорои Шариф меравам, ки соли 1893 бори дуввум (бори аввал 1889) шоҳиди шуюъи вабо шуд ва он рӯзҳоро устод Садриддин Айнӣ дар “Ёддошт” – ҳои худ ба риштаи тасвир кашидааст, ки дар идома нақлашро меорем. Тобистони он сол вабо омад. Ҳар рӯз аз ҳар гузар даҳҳо ҷаноза берун мешуд. Аввал мурдаҳоро дар хонақоҳи Девонбегӣ ва Болои Ҳавз ҷамъ оварда, ба танҳоӣ ҷаноза мекарданд. Аммо шуюъ ба дараҷае боло гирифт, ки маҷбур шуданд вақти намози пешин гурӯҳ – гурӯҳ ҷасадҳоро гузошта ҷанозаашонро хонанд.

Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узр хост, ки аблаҳӣ карду гуфт 2 зан дорад: тамдиди ҳабси блогери тоҷик дар Маскав-видео

“Имом намедонист ба кадом мурда ҷаноза хонда истодааст. Уламои Бухоро фатво доданд, ки монанди майдони ҷанг мурдаҳоро қатор монда, дар ҳар гурӯҳ як бор ҷаноза хонда шавад, равост”, - менависад устод Айнӣ.

Ҳукумати Бухоро як тадбири, ба қавли устод Айнӣ, хеле хандаовар рӯи даст гирифт: “Қозикалон фармон дод, ки муаззинҳои гузарҳо ва қориҳои хушовоз чор-чор ва панҷ- панҷ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ҳар шаб баъд аз хуфтан то саҳар кӯчаҳои шаҳрро гардиш карда, дар сари гузарҳо ва дуроҳаҳо бо як овоз азони бемаҳал гуфта гарданд, то ки “Худованди карим ба шарофати он азонҳои бемаҳал ваборо аз «сари мардум бардорад”.

Бухоро беморхонаи вабоӣ надошт. Баъди шуюъи вабо маъмурияти Русияи подшоҳӣ дар Когон аз ҳукумати Бухоро хост, ки беморхонаи вабоӣ кушояд ва дар роҳҳои корвонгузар карантин гузорад.

Здание Азиатского банка развития. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Агар вирус ояд: пешгӯиҳои "беҳтарин, миёна ва бадтарин"-и Бонки осиёии рушд

“Дар Бухоро зотан як беморхона буд, ки дар он як доктори рус, як тарҷумон аз одамони маҳаллӣ ва як фелдшери қашқарӣ (кошғарӣ) кор мекард. Ин доктор ва фелдшер ҳам дар беморхона ва ҳам дар амбулатория, ки дар даруни бинои ҳамон беморхона буд, кор мекарданд. Ин беморхона дар наздикии дарвозаи Шайх Ҷалол воқеъ шуда буд, ки дар ифлосӣ аз ҳамаи қитъаҳои шаҳри Бухоро пешӣ мекард. Одамони ҳолдон мегуфтанд, ки он доктор он қадар маҳорат надорад ва маълумоташ аз маълумоти як фелдшер беш нест. Бинобар ин бойҳои калони Бухоро, агар бемор шаванд, аз Чорҷӯй ё аз Самарқанд доктор ҷеғ мезаданд ва агар бемориашон ба сафар монеъ набошад, ба шаҳрҳои мазкур рафта муолиҷа мекунонданд”, - менависад устод Айнӣ.

Ба қавли эшон, тақдири вабозадагони Бухоро ба ҳамин доктору дору дастааш супурда, беморхонаи вабоӣ, ки “дар он ҷо на бино буд, на дарахт ва на оби ҷорӣ”, дар як кӯли хушкида ташкил шуд! Аз “каппаҳои бурёӣ ва чодирҳои оддии ҷӯгигӣ” иборат буд, ки “на офтоби майнагудози Бухороро нигоҳ медоштанд ва на тафбоди ҷигарсӯзи вайро”.

Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода баъд аз овозаҳои болоравии нарх ба бозорҳои “Гулистон” ва “Панҷшанбе” рафт

Устод Айнӣ мегӯяд, маъмурони Бухоро беморони тасодуфан дар кӯча дучоромадаро дошта, ба ин беморхона, ки ҳақиқатан кушишхонаи одамон буд, оварда, дар дасти доктор ва фелдшери мазкур супурдан гирифтанд.

“Беморхонаро сарбозони амир посбонӣ мекарданд, то беморон фирор накунанд! Аммо дар ҳафтаи аввал аз даҳҳо беморон, ки дар он ҷо оварда буданд, яке ҳам саломат ёфта набаромад. Ҳар кадоми онҳо дар он ҷо аз як шабонарӯз то се рӯз зиндагӣ мекарданд ва баъд аз он аз мурдаву зиндаи онҳо касе хабар намеёфт ва мегуфтанд, ки мурдагонро шабона дар ҳамон мазори Хоҷа Исмат, ки дар паҳлуи беморхона буд, пинҳонӣ мегӯронданд”, - қисса мекунад устод Айнӣ.

Ин аҳволро дида, мардуми Бухоро ба кӯча намебаромад. Маризон ҳам, ки аксари мардуми Бухороро ташкил медоданд, хонанишин шуданд. Бозорҳо баста шуд. Одамони баҷуръаттари тандуруст гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда, ба арки амир рафтанд ва ба қушбегӣ бо фарёду фиғон аз ин аҳвол шикоят карданд.

Ҳукумат амир чӣ кор кард?

Фармон дод, ки мардумро ба беморхона набаранд! Ҳукумати Бухоро яке дар роҳи Қаршӣ, дигаре дар роҳи Кармина қарантин ташкил дода буд. Як табиби маҳаллии бухороӣ ва як даста навкарони савораи амир истода, мардумро ташхис мекарданд. Чӣ ташхисе!?

Продажа масла и муки на базаре Фаровон. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Воҳимаи коронавирус нархи орду равғанро дар бозорҳои кишвар боло бурд

“Он ҷоҳо ҳам каппачаҳои бӯрёӣ сохта буданд ва дар паҳлуи онҳо дар ду-се деги калони мис об ҷӯшида меистод, ба даҳони дегҳо ба ҷойи сарпӯш бӯрё пӯшонда буданд. Навкарон роҳгузаронро аз роҳу бероҳа дошта меоварданд, табиб набзи онҳоро дида, ба тандуруст будани онҳо ҳукм мекард, баъд аз он роҳгузарҳо ҳар кадом либосҳошонро кашида, ба каппа даромада, аз сарашон як сатил об мерехтанд ва либосҳошонро маъмурон ба рӯи бӯрёи сари дег паҳн карда, буғ медоданд. Аммо таншӯйии роҳгузарон ҳам аз оби ҳамон дегҳо буд. Бо ҳамин маросими «дезинфексия» тамом шуда, роҳгузар либоси бо буғ намгирифтаи худро пӯшида, ба роҳи худ мерафт”, - менависад устод Айнӣ.

127 сол пас

Бале, ин замон он замон нест. Аз рӯзе, ки дар Чин “вируси тоҷдор” сар баровард, Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки роҳҳои ҳавоиву заминиашро таҳти назорати шадид гирифт. Ҳар чӣ ҳаст, нест, мо – ҳамсояи Чинем. Дар гузаргоҳҳо тепловизору теплосканҳоро гузошт. Дидани духтурон бо либосҳои хос дар гузаргоҳҳо рӯзҳои аввал ғайриодӣ буд. Воҳима ҳам менамуд. Аммо ҳамоно ҷилавгирӣ аз табобат беҳтар аст. Дар шаҳру навоҳии кишвар - Хоруғ, Бохтар, Хуҷанд, Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Варзоб, Ваҳдат, Роғун, 12 маркази провизорӣ ё маҳалли карантин ташкил шуд.

Президент РФ В. Путин встретился с бывшими членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт овозаҳои хуруҷи коронавирус дар Русияро аз хориҷ паҳн мекунанд

Аз ҳамон рӯзҳои аввал Тоҷикистон аз Русия 2000 тест ба даст овард, ки ба қавли Самариддин Алиев, мудири Пажӯҳишгоҳи профилактикии вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳоло 1700 тести дигар боқӣ монда, бақия 300 тест истифода шудаанд.

То ба ҳол 1405 нафар, аз ҷумла 327 хориҷӣ, шаҳрвандони Чин, Эрон, Афғонистон, Куриёи Ҷанубӣ дар марокизи провизорӣ таҳти қарантина қарор гирифта, 1095 рухсат шуданд. Ягон мавриди гирифторӣ дар Тоҷикистон сабт нашудааст, аммо ба ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳавонавардӣ тавсия шудааст, ки аз панҷ кишвари шуюъи вирус касеро наоранд ва ба онҳо шаҳрвандони кишварро набаранд. Масҷидҳо баста шуданд, ки як тасмим сахт аст. Дар тӯли таърих, ба ҷуз даврони Шӯравӣ, ҳеҷ кас ин мавридро ёд надорад. Таҷлили мардумии Наврӯз, иди миллии кишвар низ қатъ шуд. Хона ба хона ҷашн мегирем. Ҳатто озмуни “Автоледи” “ба сабаби номусоидии обу ҳаво” манъ шуд...

Ҳол мо – рӯзноманигорон чӣ кор кунем?

Аз нисфи зиёди матолиби расонаҳои ин рӯзҳо дар бораи ин вирус буд. Шабу рӯз телевизиону радиоҳо аз чораҳои ҷилавгирӣ мегӯянду намоиш медиҳанд. Дар Тоҷикистон шояд касе намонд, ки бо “вируси тоҷдор” ошно набошад.

Школьники Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Чаро коронавирус ба кӯдакон раҳм мекунад?

Боз чӣ кор кунем? Шояд мушкил дар мо – рӯзноманигорон, шумо – вазорати тандурустӣ ва ҳатто ҳамон вирус нест, балки дар чизи дигар аст. Аммо чӣ? Мо оҷизем зи гуфтану дигарон аз шуниданаш. Шояд танҳо чизе, ки аз ин рӯзҳо боқӣ монад, ҳамон қиссаҳои назири “Ёддоштҳо” – и устод Айнӣ хоҳад буд, ки пас аз даҳсолаҳои дигар, Худо нохоста, агар ин рӯз ба сари мардум ояд, ба ёди мисли мову шумо одамон хоҳад расид?

 Чину Амрикову Эрону Куриёву Итолиё ҳамон замон ҳам қудратмандтар аз Бухоро буданд, он гуна ки имрӯз дар баробари Тоҷикистонанд. Вабо он замон ҳам бо онҳо он кореро мекард, ки бо Бухоро мекард, тавре имрӯз “вируси тоҷдор” мекунанд. Аммо тавре мегӯянд, таърих ин сабақро медиҳад, ки ҳеҷ сабақ намедиҳад. Шумо дуруст фармудед, ҷаноби Шодихони Ҷамшед, он чӣ меояд, як замон мемонад ва ҳатман ки дер ё зуд меравад. Фақат Худо медонад, ки чӣ иттифоқ хоҳад афтод ва ҳар кас ҳамон қадар омода аст, ки ҳаст. На бешу на кам!

Лентаи хабарҳо
0