ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Маркази чинии назорат ва пешгирии маризии корона хабар додааст, ки байни беморон танҳо 2 дар сад кӯдакон гирифтори коронавирус шудаанд, гузориш медиҳад "Известия".
Ин маълумотҳо дар натиҷаи ташхиси 70 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ҷамъоварӣ шудаанд.
Байни дараҷаҳои синусолӣ аз 0 то 10-сола танҳо 1 дар сади ҳолатҳои гирифторӣ ба вирус ба қайд гирифта шудааст.
Вирусшиносони Русия ҳамчунин таъкид мекунанд, ки кӯдакон камтар аз ҳама ба коронавирус мубтало шудаанд, аммо ҳангоми дигар бемориҳои сироятӣ, хурдсолон дар доираи хатар қарор доранд.
Пизишкон боварӣ доранд, ки системаи сироятпазирии инсон бо гузашти солҳо заиф мешавад ва сироятпазир мегардад.
Афзун бар ин, доштани бемориҳои мармуз, ки кӯдакон надоранд, далели бо марг анҷом ёфтани бемори гирифтори коронавирус мебошад.
Як омили дигари масунияти кӯдакон ба COVID-19 ғамхории волидон ва карантини фаврӣ дар мусаасисаҳои кӯдакона гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мудири Пажӯҳишгоҳи паразитологияи Маскав Александр Лукашев, масъалаи таъсири вирус ба кӯдакон пажӯҳиши бештареро талаб мекунад.
"Эҳтимол аст, ки вируси корона барои кӯдакон чандон хавфнок нест, аммо феълан ин нуқтаро наметавон бо боварии комил изҳор дошт", - таъкид мекунад мудири пажӯҳишгоҳ.
Феълан гурӯҳи асосии хавфноки сирояти коронавирус одамони аз 60-сола болоро ташкил медиҳанд. Бино бар омори ахир, 87 дар сади ҳолати гирифторӣ ба вирус аз 30-сола то 79-солаҳоро ташкил медиҳанд.
Ҳангоми натиҷаҳои марговар маризон ҳамунин гирифтори бемориҳои мармуз будаанд, ки он аз вируси корона шиддат ёфта, риштаи умри одамонро канда кардааст.
Путин гуфт овозаҳои хуруҷи коронавирус дар Русияро аз хориҷ паҳн мекунанд
Пештар мақоқомоти Чин мақолаеро мунташир карданд, ки омори марги аввалин гирифторони коронаро дар Вуҳан ироа мекард. Байни онҳо кӯдакон ба қайд гирифта нашудаанд.
Ҳатто моҳи январ дар бемористони Харбин хабар паҳн шуд, ки зани ҳомилаи гирифтори вируси COVID-19 кӯдаки умуман солимеро ба дунё овард.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, 3,4 дар сади гирифторони коронавирус даргузаштаанд. Ба гуфтаи мудири СУТ Тедрос Гебреисус, ин нишондод назар ба ҳолатҳои маргумир дар пайи зуком ба 2,4 дар сад боло мебошад.