Путин гуфт овозаҳои хуруҷи коронавирус дар Русияро аз хориҷ паҳн мекунанд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с бывшими членами правительства РФ
Президент РФ В. Путин встретился с бывшими членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сару садоҳо дар мавриди хуруҷи ин маризӣ дар Русия берун аз кишвар паҳн мешавад. Аз ин рӯ лозим аст, ки шаҳрвандони Русияро танҳо бо маълумоти дақиқ роҷеъ ба ин беморӣ шинос кард, афзудааст Владимир Путин

ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор доштаст, ки воҳимаандозони коронавирус берун аз кишвар қарор доранд ва барқасдона миёни мардум роҷеъ ба ин маризӣ ҳангома меандозанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Встреча Дмитрия Медведева с Леонидом Рошалем - Sputnik Тоҷикистон
Дархости пизишки машҳури рус: воҳимаандозони коронавирус муҷозоти шадид шаванд

 Ба гуфтаи кишвардори Русия, Хадамоти федеролии бехатарӣ аллакай собит намудаст, ки ин кор махсус аз хориҷ барномарезӣ шудааст. Путин ягона роҳи бартараф кардани изтироб аз миёни мардумро дар додани иттилои сареъ вобаста ба ин маризӣ медонад.

"Овозаҳои бардурӯғ аллакай ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтаанд ва "ҳадафи онҳо низ рӯшан аст", яъне эҷод кардани ваҳм дар миёни халқ", - афзудаст Путин. 

Вазир аз тарси мубталои коронавирус шудан, дасти Меркелро нафишурд - навор

Раисҷумҳури Русия аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар қаламрави ин кишвар вазъият ҳамоно мӯътадил аст ва ҳеҷ ҷойи ваҳму ҳарос вуҷуд надорад.

Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Лағви сафари паҳлавонҳои тоҷик ба Гран Прии Марокаш ба далели коронавирус

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 - юми марти соли равон аз як ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус дар шаҳри Маскав хабар расид. Номбурда шаҳрванди Русия буда, рухсатии меҳнатияшро дар Италия гузарондаст.

Дар баробари ӯ ҳамчунин 80 нафари дигар, ки бо ӯ дар тамос буданд, ба карантин фиристода шуданд.

Бояд гуфт, ки маризии сироятии  коронавирус аллакай 93 ҳазор нафарро дар ҷаҳон сироят карда, ҷони 32 ҳазор дардмандро рабудаст. Ин маризӣ авохири соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин буруз кард ва алъон ҳудуди 70 кишвари қораро домангир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0