Пизишкони Ҷопон роҳҳои пешгирӣ аз маризии коронавирусро гуфтанд

© Pixabay / Chokniti KhongchumВрач в клинике
Врач в клинике - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маризии сироятии коронавирус то 28 рӯз дар вуҷуди инсон пинҳон мешавад ва замоне, ки таб ва сулфа шурӯъ мешавад, аллакай 50 дарсади шуши инсон аз моеъи сафедранг пур гаштааст

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Табибони Ҷопон роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро пешниҳод намудаанд ва онро Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Душанбе, дар сафҳаи фейсбукии худ нашр намудааст.

Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон
“Набаред, набиёред!”: Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон тавсия гирифтанд

Ба изҳори табибони ҷопонӣ, вируси корона дар вуҷуди инсон муддати 28 рӯз метавонад,  пинҳон монад. Замоне, ки таби инсон баланд мешавад ва ба сулфа кардан шурӯъ мекунад, аллакай 50 дарсади шуш аз моеъи сафедранг пур аст ва инсонро метавонад дар дами  марг  қарор диҳад.

Дар ҳамин ҳол, табибони Ҷопон тавсия медиҳанд, ки ҳамарӯза ҳар 10 дақиқа инсон бояд об нӯшад ва нагузорад, ки ҳалқи ӯ қоқ шавад.

Дастури муовини сарвазир ба вазорату кумитаҳо: ситоди зидди коронавирус ташкил диҳед

Агар вирус вориди даҳон мешавад, метавонад вориди ной шуда, аз он ба шуш интиқол ёбад. Дар сурати нӯшидани оби зиёд, вирус вориди меъда шуда, оксиди меъда онро нобуд мекунад.

Гузашта аз ин, табибон маслиҳат медиҳанд, ки ҳар субҳ, пас аз хоб хестан нафаси амиқ кашида, муддати 10 сония нафасро дар худ нигоҳ дошта, сипас онро то охир сар бояд дод. 

"Дар ҳолати  ба сулфа науфтодан ва эҳсоси тангии нафас накардан маълум мешавад, ки  зарфияти шуши ӯ комил буда, мушкиле барояш пеш наомадааст. Дар ҳолати пайдо шудани сулфа ё нафастангӣ ба пизишкон муроҷиат намудан муҳим аст", - мегӯянд табибони ҷопонӣ.

Ҳамчунин мутахассисон аз аҳолии ҷаҳон хоҳиш менамоянд, ки ба ҷуз аз ба таври муқаррарӣ шустани дасту рӯ бо собун, инчунин тавсияҳои мазкурро низ дар хонаҳояшон анҷом диҳанд ва бемориро сари вақт пешгирӣ намоянд.

 

Лентаи хабарҳо
0