ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Дар ин нома, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд, Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ширкатҳо муваққатан аз ташкили саёҳати шаҳрвандони дохилию хориҷӣ муваққатан худдорӣ кунанд.
Далели ин ҳам дар нома шуюъ ё сар задани “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” дар як қатор кишварҳои ҷаҳон гуфта мешавад ва Кумита ҳам ин тасмимро дар такя ба маълумоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гирифтааст.
Ширин Амонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон дар шарҳи ин нома ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тасмим дар машвара бо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва барои ҳифзи ҷону амнияти сайёҳони ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ гирифта шуд.
“Аммо ин як тасмими муваққатист ва мо ҳам ба ширкатҳо тавсия додаем, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳати ҳам шаҳрвандони дохилӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои дигар аз хориҷ ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд. Ин тадобири ба хотири эмин нигаҳ доштани шаҳрвандони кишвар аз ин маризии сироятист, ки рӯз ба рӯз дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад”, - гуфт Ширин Амонзода.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 202 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд. Қаблан Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз ширкатҳои ҳавонавардӣ хостааст, барои шаҳрвандони 35 кишвари ҷаҳон аз фурӯхтани чиптаҳои ҳавопаймоӣ худдорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то 1 марти соли равон дар сатҳи ҷаҳонӣ 88 ҳазору 948 (1804 мавриди ҷадид) – и ба “вируси тоҷдор” гирифтор шудаанд. Чин ҳамоно хостгоҳи умдаи ин вирус ба ҳисоб меравад.
Шумораи гирифторон дар ин кишвар ба 80 ҳазору 174 (206 мавриди ҷадид) расида, теъдоди фавтидагон ба 2915 нафар (42 мавриди ҷадид) расидааст. Аммо, бино ба ин манбаъ, густариши ин маризӣ дар хориҷ аз Чин афзуда, фақат тайи 24 соати рӯзи 1 март ҷуғрофиёи он ба шаш кишвар - Арманистон, Чехия, Ҷумҳурии Доминикан, Луксембург, Исландия ва Индонезия (рӯзи 29 феврал панҷ кишвар – Озарбойҷон, Эквадор, Ирландия, Монако ва Қатар) густариш ёфта, теъдоди кишварҳои гирифтор ба 64 афзудааст.
Ҳамин тавр, дар ин кишварҳо 8774 маврид (1598 мавриди ҷадид) таъйид шуда, фавти одамон ба 128 нафар (24 мавриди ҷадид) расидааст.