ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ҳамакнун 50 сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкон доранд, аз роҳи қонунӣ ба истихроҷи метал ва сангҳои қимматбаҳо шурӯъ кунанд.
Ба иттилои котиботи ВМКБ, барои гирифтани иҷозатнома 116 сокини вилоят ба мақомоти марбута ариза пешниҳод намуда буданд.
Феълан, танҳо ба 50 сокини ин минтақа имкон дода шуд, ки ба фаъолияти худ дар самти истихроҷи канданиҳои фоиданок шурӯъ кунанд.
"Дархостҳои 66 - нафари дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд", - шарҳ додаанд котиботи ВМКБ.
Манбаъ меафзояд, қаблан сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳи ғайриқонунӣ канданиҳои фоиданокро ба даст меоварданд ва дар бештари ҳолатҳо, аснои хариду фурӯш ба дасти кормандони милитсия афтода, пушти панҷара мерафтанд.
Аз моҳи ноябри соли гузашта бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба шахсони воқеӣ дар ВМКБ имкон дода шуд, ки бевосита ба истихроҷи сангҳо ва металҳои қимматбаҳо сару кор гиранд.
Зикр мегардад, ки тарзи додани иҷозатнома ниҳоят сода гардонида шудааст, амалан он танҳо бақайдгирӣ мехоҳаду бас. Бақайдгирӣ тавассути шӯъбаи молияи ноҳия аз тарафи Вазорати молия сурат мегирад. Дар додани иҷозат ба шахсони воқеӣ ягон шарт ва монеа пешбинӣ нашуда, ба хоҳишмандон тибқи пешниҳоди ариза ба мақомоти молияи маҳаллӣ бе мамониат иҷозат дода мешавад.
Феълан дар ВМКБ се нуқтаи хариди метал ва сангҳои қимматбаҳо ташкил карда шудаст, ки яке дар шаҳри Хоруғ ва дуи дигар дар Рӯшон ва Мурғоб кушода шудаанд.