ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду сокини кишвар бештар аз 10 санги қимматбаҳои ёқутро пайдо ва мусодира карданд, хабар медиҳад ВУД.
Бино бар иттилои манбаъ. ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ки пеш бо моддаҳои 245, 247 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 32-солаи сокини ноҳияи Нуробод бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 14-адад сангҳои қиматбаҳои табиии рангашон гуногун бо вазни 149,99-грамм дарёфт ва гирифта шуд.
"Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои мазкур санги қиматбаҳои ёқути сурх буда, қисми коршоями сангҳо миёна ва хуб муайян гардид", - менависад манбаъ.
Мувофиқи ҳамин маълумотнома арзиши сангҳо8 ҳазору 564 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.